Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

11 баҳри муштарак ҳосил мешавад. Дар сурати иловаи се баҳри махсуси форсу тоҷик ва 5 баҳри махсуси араб ҳамагӣ 19 баҳр ҳосил мегардад.

ВАЗНҲОИ ФАРЪӢ

Ғайр аз ин 19 баҳри аслӣ аз тарафи арӯзиён мутааллиқ ба ҳар як вазни аслӣ вазнҳои фаръии бисёре эҷод шудаанд. Эҷоди вазнҳои фаръӣ ба воситаи тағйири шакли солими рукнҳои матлуб ҳосил мешавад. Чунон ки дар қисмати баҳси дор ба арӯз ва зиҳоф зикр ёфт, ин тағйир музоҳаф номида мешавад. Мо дар қисми баҳрҳо ҳамаи вазнҳои аслӣ ва бисёртар вазнҳои фаръиро бо рукнҳои солим ва рукнҳои музоҳафи мустаъмал баён хоҳем кард.

Гузашта аз ин, бисёр вазнҳое ҳастанд, ки аслан мансуби як вазн буда, танҳо бо табдили ягон садонок ба садоноки дигар дар рукни охирин номи дигаре пайдо мекунад. Ҳамчун фаилун файлон, фаълун, фаълон ва монанди инҳо. Мо ин ҳолатро ҳамчун вариантҳои он вазн дар маҳалли худ қайд мекунем. Дар аксари асарҳои арӯзӣ ин гуна вариантҳо бо номи рукни охирин лақаби ҷудогона мегирад. Ин кор барабас сабаби кашол додани вазнҳои ҳамҷинса мешавад. Дар ин бора Муҳаммад Гиёсиддин дар «Меъроҷ-ул-арӯз» ба рагми арӯзиёни дигар роҳи иҷозро пеш гирифтааст.

  1. Баҳри ҳазаҷ

Ҳазаҷ дар луғат ба маънои тараннуми хушоянд буда, рукни аслиаш мафойлун аст, зиҳофоташ 12-тост:

  1. мақбуз — мафоилун,
  2. макфуф — мафойлу,
  3. максур — мафоил буда, танҳо дар арӯз ва зарб меояд,
  4. аштар — фоилун,
  5. аҳрам (муҳаннак) — мафъулун,
  6. мусаббағ — мафойлон,
  7. маҳзуф — фаӯлун,
  8. аҳтам — фаӯл,
  9. аҳраб — мафъӯлу,
  10. маҳбуб — фаал,
  11. азалл (музол) — фоъ,
  12. абтар — фаъ.
    1-умин вазни 16-ҳиҷоии баҳри ҳазаҷ (ҳазаҷи мусаммани солим) 8 бор мафойлун V — — — дар байте:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро
Ба холи ҳиндуиш бахшам Самарқанду Бухороро.
(Ҳофиз).

пешина
аз 303
навбатӣ