Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
такрори рукне ҳосил мешавад. Агар рукн ҳашт бор такрор ёбад, мусамман, шаш бор — мусаддас, чор бор — мураббаъ ва агар ду бор такрор шавад, мусанно номида мешавад. Рукни ҳазаҷ мафойлун, рукни рамал фоилотун, рукни раҷаз мустафъилун, рукни мутақориб фаӯлун, рукни мутадорик фоилун аст.
Шаш вазн ба воситаи таркиб ҳосил мешавад:
- вазни сареи аслӣ бо таркиби мустафъилун, мустафъилун, мафъӯлоту 2 бор,
- вазни мунсареҳи аслӣ бо таркиби мустафъилун, мафъӯлоту, мустафъилун 2 бор,
- вазни ҳафифи аслӣ аз таркиби фоилотун, мустафъилун, фоилотун, 2 бор,
- вазни музореи аслӣ бо таркиби мафойлун, фоилотун, мафойлун, фоилотун 2 бор,
- вазни аслии муҷтасс аз таркиби мустафъилун, фоилотун мустафъилун фоилотун 2 бор ҳосил мешавад.
- вазни муктазаби аслӣ бо таркиби мафъӯлоту, мустафъ-илун, мустафъилун ҳосил мешавад.
Бинобар он ки шеъри форсу тоҷик дар вазнҳои аслии таркиби равону мавзун намеояд, дар ин шакл истеъмол намешавад.
Панҷ баҳри такрорӣ ва шаш баҳри таркибӣ — ҳамагӣ 11 баҳр аз баҳрҳои аслии муштарак ҳисоб меёбанд.
Се баҳри дигари таркибие, ки эҷодкардаи арӯзёнии аҷам аст, инҳоянд:
- ҷадид (ғариб), ки вазни аслиаш аз таркиби фоилотун, фоилотун, мустафъилун 2 бор;
- қариб, ки вазни аслиаш аз таркиби мафойлун, мафой-лун фоилотун як бор;
- мушокил, ки вазни аслиаш аз таркиби фоилотун, мафой-лун, мафойлун 2 бор ҳосил мешаваду ба 11 баҳр илова шуда 14 баҳри форсу тоҷикро ташкил мекунад.
Панҷ баҳри дигари аслӣ ва солимрукни махсуси араб, ки шоирони классикии форсу тоҷик дар он вазнҳо низ табъозмой кардаанд, инҳоянд: комил, вофир, тавил, мадид, басит.
- баҳри комил — аз такрори рукни мутафоилун 8 бор.
- баҳри вофир — аз такрори мафоилатун 8 бор;
- баҳри тавил — вазни аслиаш аз таркиби фаӯлун, мафо-илун 4 бор.
- мадид вазни аслиаш аз таркиби фоилотун, фоилон 4 бор.
- басит — вазни аслиаш аз таркиби мустафъилун, фоилун 4 бор ҳосил мешавад.
Агар ба таври дигар изоҳ намоем, чунин аст: аз рӯи таснифи Шамси Қайсии Розӣ аз ғайри мутадорик 10 ва аз рӯи нишондоди «Арӯзи ҳумоюн» аз ғайри муктазаб ва мутадорик 9 баҳр матбӯи аҷамиён буда, умуман бо иловаи муктазаб ва мутадорик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ