Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Сареи матвӣ (муфтаилун муфтаилун фоилоту),
  2. Мунсареҳи матвӣ (муфтаилун фоилоту муфтаилун),
  3. Муктазаби матвӣ (фоилоту муфтаилун муфтаилун),
  4. Қариби макфуф (мафойлу мафойлу фоилоту),
  5. Музореи макфуф (мафойлу фоилоту мафойлу),
  6. Ҳафифи маҳбун (фаилотун мафоилун файлотун),
  7. Муҷтаси маҳбун (мафоилун файлотун файлотун).
    Саввум — доираи муштабиҳаи зоида, ки вазнҳои мусаммани зеринро ба худ мегирад:
  8. Мунсареҳи матвӣ (муфтаилун фоилоту 2 бор).
  9. Музореи макфуф (мафойлу фоилоту 2 бор).
  10. Муктазаби матвӣ (фоилоту муфтаилун 2 бор).
  11. Муҷтаси маҳбун (мафоилун файлотун 2 бор).

Хулоса арӯзи форсию тоҷикӣ дар зарфи муддатҳои дуру дароз мувофиқи рӯҳи забони форсу тоҷик кор хӯрда номи арӯзи аҷам ё арӯзи форсиро ба худ гирифтааст. Дар ҳақиқат, дар натиҷаи кор кардани нозук ва дақиқ бисёр вазнҳои халқии мавзуну равон, шӯху рақсон ва сабуку оҳангдоре пайдо шудааст.

Ғайр аз ин, дар фолклор (фаҳлавиёт) бисёр вазнҳои матбӯъ ва дилнишине мавҷуд аст, ки ҳанӯз кашф, тадқиқ ва тасниф нашудаанд. Ин кор вобаста ба тадқиқ ва татаббӯи ояндаи фолклоршиносии ҷавон ва адабиётшиносии арӯзӣ хоҳад буд.

Бинобар ин мо нахостем, ки дар бисёр қисмҳо дигаргунии муҳими шахсии худро пешниҳод кунем. Зеро мақсади мо арӯзи кӯҳнаи форсу тоҷикро ба қадри имкон ба асоси хати имрӯза ба ҷавоншоирон ва ҷавонмунаққидон баён кардан аст. Мумкин аст, дар оянда ҷавонони арӯзӣ мувофиқи сохт ва шароити забон қонуну қоидаҳои навин ва осонтаре эҷод кунанд.

Аз ҷумла дар калима ва қисмҳои нутқ ба асоси забони адабӣ ё ягон шева ва лаҳзаи марказӣ ҷон зада таъин шавад, инчунин ба ҷои афоили арабӣ қолабҳои дигаре ки ба сохти забон боз ҳам мувофиқтар бошад, эҷод гардад, ба ҳамин восита аз муаммои сарбастаи рукнсозӣ бо амалиёти печ дар печ, вазнҳои аслӣю фарҳӣ раҳоӣ ёфт.

ВАЗНҲОИ АСЛӢ ВА РУКНҲОИ СОЛИМ

Вазнҳои аслии шеъри арабӣ бо ҳашт рукни зерин ҳосил мешавад: фоилун, муфоалатун, мафойлун, фаӯлун, мутафоилун, мустафъилун, фоилотун, мафъӯлоту.
Вале 11 вазни муштараки аслӣ бо ин шаш рукн ҳосил мешавад: фоилун, фаӯлун, мафойлун, фоилотун, мустафъилун, мафъӯлоту.
Ин вазнҳо ё ба такрори яке ва ё бо таркиби яке аз ин рукноҳо дигаре ҳосил мешавад.
Панҷ вазн — ҳазаҷ, раҷаз, рамал, мутақориб, мутадорик бо

пешина
аз 303
навбатӣ