Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Халил ибни Аҳмад вазнҳои аслиро дар панҷ доира қарор додааст:
Доираи аввал «мухталифа» ном дошта шомили се баҳр аст:

  1. Тавил — фаӯлун мафоилун фаӯлун мафоилун.
  2. Мадид — фоилотун, фоилун, фоилотун фоилун.
  3. Басит — мустафъилун фоилун мустафъилун фоилун.
    Доираи дуюм «муъталифа» номида мешавад ва ду баҳрро дар бар мегирад:
  4. Вофир — мафоилатун мафоилатун мафоилатун.
  5. Комил — мутафоилун мутафоилун мутафоилун.
    Доираи саввум шомили се баҳр буда, «муҷталиба» номида мешавад.
  6. Хазаҷ — мафоилун 4 бор.
  7. Рамал — фоилотун 4 бор.
  8. Раҷаз — мустафъилун 4 бор.
    Доираи чаҳорум, ки онро «муштабиҳа» номидаанд, шаш баҳрро дар бар мегирад:
  9. Мунсареҳ — мустафъилун мафъулоту мустафъилун.
  10. Хафиф — фоилотун мустафъилун фоилотун.
  11. Музореъ — мафоилун фоилотун мафоилун.
  12. Муқтазаб — мафъулоту мустафъилун мустафъилун.
  13. Сареъ — мустафъилун мустафъилун мафъулоту.
  14. Муҷтасс — мустафъилун фоилотун фоилотун.
    Доираи панҷум доираи «мутлафика» буда, танҳо як баҳрро дар бар мегирад:
  15. Мутақориб — фаӯлун, фаӯлун, фаӯлун фаӯлун.
    Олими забоншиноси араб Ҳасан ибни Аҳфаш баҳри мутадорикро аз ҳамин доира баровардааст, ки аз чор бор фоилун ташкил мешавад.

Аз рӯи мулоҳизаҳои Парвези Хонларӣ гӯё номи доираҳо аз Халил бинни Аҳмад нест ва баъдҳо дигарон эҷод кардаанд. Ғайр аз ин дар ҳамаи китобҳои арӯз номи доираҳо як хел нест. Насируддин мегӯяд: «Баъзе алқоби доираҳо ба шакли дигар кунанд». Хонларӣ дар хусуси фарқ ва ихтилофи арӯзиёни форсӣ дар тартиби доираҳо ва ғунҷонидани баҳрҳо, вазнҳо музокираҳои муфассал эрод мекунад. Тарз ва равиши онҳоро нақл ва иқтинос менамояд. (Вазни шеъри форсӣ, саҳ. 133 — 140). Мо аз он музокира ва муҳокимаҳои дуру дароз чашм пӯшида, танҳо ин ҷо се доираи хосе, ки Насируддини Тӯсӣ дар «Меъёр-ул-ашъор» доир ба вазнҳои форсӣ тартиб додааст, нақл мекунем:

Нахустин — доираи мушталибаи зоидаи музоҳифа ном дошта, вазнҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Хазаҷи макфуф (мафойлу 4 бор).
  2. Раҷази матвӣ (муфтаилун 4 бор).
  3. Рамали маҳбун (фаилотун 4 бор).
    Дуввум — доираи муштабиҳаи музоҳафа ном дошта, вазнҳои зеринро шомил аст:
пешина
аз 303
навбатӣ