Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

АдабиётШеърМаориф
Аз аввал хондан

Мо як қисм мисолҳоро аз китобҳои аруз гирифта бошем ҳам, ин маҳз барои сармашки кор буда, аз рӯи мизони онҳо мисолҳоро аз осори саромадони сухан ва махсусан аз шоирони асри XIX ва аввали асри XX, ки дар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишин нашъунамо ёфтаанд, интихоб кардем. Инчунин баъд аз овардани мисолҳо аз эҷодиёти шоирони пешина аз осори шоирони муосир С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, А. Шукӯҳӣ, М. Аминзода, М. Фарҳат, М. Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, М. Раҳимӣ, ҳатто аз як қисм ҷавоншоирон ва фолклор низ мисолҳо овардем, то хонандагони мо қаноат ҳосил намоянд, ки дар ҳақиқат арӯз ба таври мероси маданӣ сайри такомули худро бо мазмунҳои баланди даври мо ба нуктаи аълои дақиқӣ ва назокат расонидааст.

Мисоли вазнҳое ки барои шоирони мутааххир ва муосир мустаъмал будааст, нисбатан бисёртар оварда шуд, то маълум шавад, ки он вазн дар миёни шоирони тоҷик ва халқи тоҷик то чӣ андоза мақбул ва ба завқ созгор афтодааст.

Мо ин ҷо на танҳо он вазнҳоро гирифтем, ки дар адабиёти классикӣ бисёртар маънус ва мустаъмал буд, балки баробари вазнҳои матбуъ, баъзе вазнҳои номатбӯъ низ оварда шуд, то ки ҷавонон огоҳ бошанд, ки чунин вазнҳои ғайриматбӯъ ва ё дур аз завқ низ мавҷуд аст.

Ҳам дар қисми муқаддимавии арӯз ва ҳам дар қисмати баҳрҳо ба қадри имкон дар роҳи якрангӣ ва устувории истилоҳот кӯшидем. Масалан, аз ҷумла истилоҳи рукн дар як асар афовил, тафоил, тафзил, дар асари дигаре усул, аҷзо, аркон ва ғайра номида шудааст. Вале мо ба иловаи рукн дар омади ҷумла шакли ҷамъаш — арконро ҳам ба кор бурдем. Истилоҳи усулро танҳо ба сабабу ватад ва фосила махсус гузошта, гоҳе ба маънои қоида, қонуни истеъмол кардем; усули ҳиҷо, усули арӯз барин гуногунии истилоҳот сари хонандаро гаранг мекунад. Баъзан агар якчанд истилоҳ ба як маъно омада бошад, яке аз ин истилоҳотро дар қавс нишон додем. Мо кӯшиш кардем, ки истилоҳ маъмул ва фаҳмо бошад, аз ин рӯ шакли умумӣ ва собиташ гирифта шуд.

Мо ба мақсади осон аз худ кардани арӯз танҳо тарзи бо рукнҳои маъмул санҷидани баҳру вазнҳоро, ки дар байни шоирони пешина ва ҳозира машҳур будаанд, пеш гирифтем. Бинобар ин аз баҳри доира ва равиши печ дар печи аз рукни солим истихроҷ кардани рукнҳои музоҳаф гузаштем, чунки мақсад аз доиракашии осон дарёфтани баҳр ва вазнҳои мутааллиқ бошад ҳам, мувофиқи зарбулмасали «Барои як нахуд ҳавзе об хӯрд» барои як осонии сарбаста ба як олам саргардӣ ва шаклпарастии хушку холӣ дучор омадан мумкин аст.

Бинобар ин, мо ин ҷо аз ғайри кашидани доира танҳо адади баҳрҳои махсуси арабро, ки эҷоди Ҳалил ибни Аҳмад аст, нишон дода, пас аз он се доираро, ки эҷоди Насируддини Тӯсӣ мебошад, зикр мекунем.

пешина
аз 303
навбатӣ