Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
- Калимаҳои ҳиҷоии дароз мувофиқи талаботи вазн ба ҳиҷои дарози оддӣ бадал мешавад, ҳамчун: ҷӯй — чӯ, рӯй — рӯ, мӯй — мӯ, кӯй — кӯ, чой — чо, пой — по, афзой — афзо — физо, орой — оро, перой — перо...
Инак, донистани он лаҳзаҳое, ки барои ҳаваскорони ҷавон зарурӣ ва ногузир аст, ин ҷо ба таври мухтасар шарҳу эзоҳ намудем ва дигар (баъзе ҳолатҳои истисноӣ) дар боби баҳрҳо ва вазнҳои мутааллиқ баён хоҳад ёфт.
БАҲРҲО
(Баъзе эзоҳоти муқаддимавӣ)
Дар ин қисм 14 баҳри арӯзии форсу тоҷик, вазнҳои мутааллиқи онҳо, адади ҳиҷояшон, инчунин тактеъ аз рӯи рукнҳои қонунӣ нишон дода, ҳолатҳои истисноӣ низ эзоҳ меёбанд. Вазни рубоӣ, ки арӯзшиносони пешина мансуб ба баҳри ҳазаҷ медонанд, дар охири баҳри ҳазаҷ бо эзоҳоти лозима ва мисолҳо шарҳ хоҳад ёфт.
Баҳрҳои махсуси арабӣ низ баъд аз бо рақами тартиб нишон додани ҳамаи баҳру вазнҳои мутааллиқи 14-гона зикр хоҳад ёфт. Вале рақамҳои тартиби баҳрҳою вазнҳо аз рӯи интихоби шахсии муаллиф буда, шартист.
Ном ва лақаби баҳрҳои аслӣ ва фаръӣ, ки мутааллиқ ба баҳри аслист, дар камонак гирифта хоҳад шуд. Аз ин рӯ ин тартиби мо асосан ба таври мустақил аст. Дар баъзе мабҳасҳо ба мақсади тасҳеҳ ва такмили асар китоби пуркимати «Ал-мӯъҷам», ки таълифи Шамси Қайси Розист, рисолаи «Мизон-ул-авзон», «Арӯзи Ҳумоюн», ки мухтасари «Ал-мӯъҷам» аст, инчунин «Арӯзи Сайфӣ», «Ҷамъи мухтасар»-и Ваҳиди Табрезӣ, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насириддини Тӯсӣ ва монанди ҳамин қисми арӯзии «Ҳафт кулзум»-и Қабул Муҳаммад ва «Меъроҷ-ул-арӯз»-и Муҳаммад Ғиёсиддин1 ва махсусан «Вазни шеъри форсӣ» ном асари доктор Парвиз Нотили Хонларӣ ҳамчун сарчашмаи асосӣ ҳамеша мадди назари эътибори муаллиф буду мешавад.
Чунон ки дар боло зикр ёфт, хонандаи мудаққиқ, агар хоҳад, ки рукнҳои солим, тариқи иштиқоқи аркони музоҳаф аз афоили аслӣ, умуман лаҳзаҳои пӯшидамондаи қавоиди арӯзро ба таври қадимиаш пурра ва бояду шояд фаҳмад ва аз худ кунад, ба «Ал-мӯъҷам», «Арӯзи Ҳумоюн» (мухтасари «Ал-мӯъҷам»), «Ҷамъи мухтасар» (Ваҳиди Табрезӣ), «Вазни шеъри форсӣ» (Хонларӣ) ва «Арӯзи тоҷикӣ» (Б. Сирус) муроҷиат намояд.
1 Муҳаммад Ғиёсиддин дар асари пуркимати худ «Ғиёс-ул-луғот» оид ба арӯз маълумоти муфассале дода, дар поёни шарҳи арӯз ҳамин қисмати асарашро «Меъроҷ-ул-арӯз» номидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ