Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Умуман ин тариқа ба кор бурдани қофия дар осори саромадони сухан фаровон дида мешавад; вале ин гуна қофиябандиро завқи адабии имрӯзӣ намеписандад.
- Садонокҳои «ӯ», «у» ва «э», «е», «й» дар қофия
Вови маҷҳул — ӯ ва вови маъруф — у-и дароз, инчунин ё-и маҷҳул — э, е ва ё-и маъруф — й-и дароз гоҳе дар як байт дар қофия меоянд. Дар матбуоти ҳозираамон ҳар кадомро бо имлои худ ҷудо-ҷудо менависанд.
Масалан:
Сари чашма шояд гирифтан ба бел
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.
(Саъдӣ).
Нури гетифурӯзи чашмаи хур,
Зишт бошад ба чашми мушаки кӯр.
(Саъдӣ).
Ҷавонон бигуфтанд: ин сур чист?
На мо мурдагонему ин гӯр чист?
(Савдо).
Вазни байтҳои якуму сеюм фаӯлун фаӯлун, фаӯлун фаӯл. Вазни байти дуюм: фоилотун мафоилун, фаилон.
Аз рӯи қоидаи арӯз бояд маҷҳул ба маъруф, яъне ӯ-и пурра ба у-и дароз, э, е-и пурра ба й-и дароз тобеъ шавад: бел-фил, кӯр-хур, гӯр-сур (якуми ин ҷуфтҳо пурра ва дуюми дароз аст).
Барои риояи вазни ҳиҷон дарозии сари калима ба ҳиҷон кӯтоҳ бадал мешавад:
- Агар сарҳарфи ҳиҷон якуми калима яке аз садонокҳои а, у, и бошад, барои риояи вазн ҳиҷои дароз ба ҳиҷои кӯтоҳ бадал мешавад, ҳамчун: акнун — кунун, афгандан — фигандан, ишкам — шикам, истодан — ситодан, уштур — шутур...
- Сарчаспакҳои би, на, ма дар аввали феъл барои риояи вазн ба ҳиҷои кӯтоҳи сари феъл омехта, ду ҳиҷои кӯтоҳ ба як ҳиҷои дарози оддӣ бадал мешавад, ҳамчун: бинамо — бинмо, нанавис — нанвис, манигар — мангар, бирабуд — бирбуд, бизидо — биздо, маситон — мастон...
Ин ҳодиса дар вақте ки сарҳарфи феъл аз ҳамсадоҳои н, с, р, з, ш, ф ва г иборат бошад, рӯй медиҳад: набудан, зидудан, гузордан, шикастан ва монандӣ инҳо... - Калимаҳое, ки охирашон аз як ҳиҷои дарозии пурра иборат буда, дар охир ҳамсадои «х» доранд, мувофиқи талаби вазн ба ҳиҷои кӯтоҳ бадал мешавад: ҷоҳ — ҷаҳ, роҳ — раҳ, коҳ — каҳ, моҳ — маҳ, гоҳ — гаҳ.
1Хур — офтоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ