Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунонки секин, ҳисобу китоб, лекин, тиреза. Аз калимаҳои тоҷикӣ озор, жола, тилло барин калимаҳо шакли жела, тиле ва озерро гирифтааст.

Ҳамин ҳолати майл додани садоноки о ба е низ имола номида мешавад:

Ба фармони ӯ заргари чирадаст
Тилеҳои зар бар сари нуқра баст.
(Низомӣ).

Силеҳу салаб дод хоҳандаро,
Қави кард пушти паноҳандаро.
(Низомӣ).

Ман аз ғусса ранҷуру аз хоб маст,
Ки ногаҳ тимосел бардошт даст.
(Саъдӣ).

МУВОФИҚАТИ БАЪЗЕ САДОНОКҲО ДАР ҚОФИЯ

  1. Садонокҳои «а», «у» ва «ӯ»

Баъзан дар калимаҳои қофияшаванда садоноки а, у, ӯ ба ҳам мувофиқат мекунанд. Чунончи дар ин мисолҳо мебинем:

Он дид дар ину ҳасрате хӯрда,
В-ин дид дар уву ҳасрате кард.

Дар матбуоти ҳозираамон ба хотири қофия калимаи хӯрдро ба шакли хвард менависанд ва ё монандӣ ҳамин, агар калимаи хушро, ки ба калимаи каш қофия шуда омада бошад, ба шакли хваш менависанд, ки ин тарзи навишт мутлақо нодуруст аст. Чунки дар ин сурат дар калимаи хваш як ҳиҷои кӯтоҳ зиёд афтода, шеър аз вазни матлуб мегардад. Ба фикри мо, ин гуна калимаҳо бояд хаш ва хард навишта дар қавс шакли хуш ва хӯрд нишон дода шавад, беҳтар буданист, вале агар ин гуна калимаҳо пеш аз радиф ояд, ба шакли аслӣ навиштану хондан беҳтар аст ва ба салосати сухан ва оҳанги шеър халал намеорад. Ҳамчунин:

Ваҳ ки бас хубу дилкаш омадай,
Марҳабо, марҳабо, хуш омадай.

Аммо ба таври истисно баъзе калимаҳо мисли сухан ва куҳан, гоҳо ба калимаҳои ҳамравӣ ҳамқофия шуда, сухан ба шакли сухун навиштаву хонда мешавад, ки дар он сурат а ба ӯ бадал мегардад:

Суханро сар аст, эй хирадманду бурд,
Маовар суҳан дар миёни суҳун.
(Саъдӣ).

пешина
аз 303
навбатӣ