Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҷнун зи сари шикастаҳолӣ
Дар понзан уфтод ҳоле.

(Низоми).

Вазнаш: мафъулу мафоилун фаӯлун.
--V/V-V-/V--

  1. Садонокҳои «у» ва «ӯ», («ӯ»-и дароз — вови маъруф). Дар калимаи устод. Баъзан у-и кӯтоҳ ҳамроҳи ҳамсадое аз рӯи талаби вазн ба у-и дароз бадал мешавад. Чунонки ин ҳодисаи савтиро дар шеъри зерин дар калимаи «устод» мебинем:

Офарин, эй устоди сеҳрбоф,
Ки памуди мӯҳризонро дуру соф.

(Румӣ).

Вазнаш: фоилотун фоилотун фонлон.

  1. Садонокҳои «о» ва «а». Дар калимаҳои оромид, ошомид, хомӯш ва ошкоро.

Феълҳои оромид, ошомид ва сифатҳои хомӯш, ошкоро дар мисолҳои зерин мувофиқи такозои вазн ба шакли кӯтоҳи орамид, ошамид, хамӯш, ошкора ба кор рафта, садоноки о ба садоноки а бадал шудааст:

Хушдил шуду орамид бо ӯ,
Хам хурду ҳам ошамид бо ӯ,

(Низоми).

Вазнаш: мафъулу мафоилун фаӯлун.

Зи бода хӯрдани пинҳон малул шуд Ҳофиз,
Ба бонги барбату най розаш ошкора кунам.

Дар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ айб нест,
Ё сухан оҳиста гӯй, эй марди биҳрад, ё ҳамӯш!

(Ҳофиз).

Дар ин шаб куртаи ранги гули себ,
Ба рӯи субҳ гӯё орамида.
Тани софи Санавбарро диҳад зеб,
Ки он бошад чу ширин навдамида.

(А. Шукӯҳӣ).

  1. Садоноки «о» ва «е». Баъзан барои риояи вазн ва талаби қофия ҳамчун қоида садоноки о ба садоноки е (ё-и маҷҳул) бадал мешавад. Ин ҳолати табаддули савтӣ низ имола ном дорад. Ин табаддулот дар калимаҳои арабӣ ва баъзан дар калимаи оддии халқии тоҷикӣ низ мушоҳида мешавад.

Иқбол, силоҳ, ҳиҷоб, ҳизоб, сокин, локин, эътимод, тироз, тимсол аз касрати истеъмол ба шакли икбел, силеҳ, ҳичеб, лекин, тирез, эътимед дохил шудааст. Баъзеи ин калимаҳо ба ҳадде тоҷикӣ шудааст, ки кас арабӣ будани онҳоро пай намебарад.

пешина
аз 303
навбатӣ