Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале дар мисоли зерин ба қимати як ҳиҷои дарози оддӣ омадааст:

Баромад зи кӯҳ абри кофурбор,
Мизоҷи замин гашт кофурвор.

Дар калимаи абрӯ. Калимаҳои абрӯ, паҳлӯ ва монанди инҳо дар вақти изофат гоҳо ба у-и кӯтоҳ бадал мешаванд. Дар ин байти Махфӣ калимаи абрӯ бо ӯ-и пурра омадааст:

Тоби печутоби хуршеди ҷаҳонтобам надошт,
Рафт зери зулфу ҷо дар гӯшан абрӯ гирифт.

Вазнаш: муфтаилун фоилую муфтаилун фоилун.
Вале дар сурати изофат кӯтоҳ омадааст:

Абрӯи ӯ гар кунад гӯшакашӣ чун камон,
Рахна ба дил барзанад новаки мижгони ӯ.
(Шоҳин).

Вазнаш: муфтаилун фоилун муфтаилун фоилон.
Дар калимаи паҳлӯ. Калимаи паҳлӯ дар ғайри изофат бо ӯ навишта мешавад:

Ҳар ҷо ки ҳабибест, ба паҳлуш рақибест,
Дар боғи ҷаҳон як гули бехор набошад.
(Ҳилолӣ).

Вазнаш: мафъӯлу мафоилу мафоилу фаӯлун.

Рӯ ба рӯ беҳ аз паҳлӯ

Агар изофат шавад, гоҳе ба қимати ҳиҷои кӯтоҳ меояд:

Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо...
(Бедил).

Вазнаш: 4 карат мафоилун дар ҳар мисраъ.
Дар калимаи андӯҳ. Дар байни аввали мисоли зерин ҳиҷои дуюми калимаи андӯҳ бо садоноки ӯ омада, дорои қимати ҳиҷои дарози оддӣ шудааст, вале дар мисоли дуюмӣ бо садоноки кӯтоҳи ӯ омада, дорои қимати ҳиҷои кӯтоҳ шудааст:

Ба шодӣ гироид з-андӯҳу ранҷ
Ба хонандагон дод бисёр ганҷ.
(Низокӣ).

Вазнаш: фаӯлун фаӯлун фаӯлун фаӯл.
V - - / V - - / V - - / V ~

Басо раҳне, ки асли мӯҳкамиҳост,
Басо андӯҳ, ки дар вай хуррамиҳост.
(Низокӣ).

пешина
аз 303
навбатӣ