Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ҳар ду гирянему ҳар ду зарду ҳар ду дар гудоз,
Ҳар ду сӯзонему ҳар ду фарду ҳар ду мумтаҳан.
(Манучеҳрӣ).
Вазнаш: фоилотун фоилотун фоилотун фоилон ё фоилун).
—V——/—V——/—V——/—V~
Дар ин байт калимаи ду дар охир ҳамчун қоида ба ҷои ҳиҷрои дароз омадааст:
Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр, ё ҳарду,
Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳарду!
(Лоҳутӣ)
Дар калимаи ту. Дар мисолҳои зерин калимаи ту дар бай-ти аввал дароз ва дар байти дуюм кӯтоҳ омадааст:
Ту омадай, ки андар ни дом,
Меҳи дигарам занӣ бар андом.
(Низокӣ)
Вазнаш: маъӯлу мафоилун мафоил.
——V/V—V—/V——~
Ман ҷуз сари дому дад надорам,
Не пои ту, пои худ надорам.
(Низокӣ)
Дар калимаи будан. Ҳиҷрои якуми феъли будан гоҳ кӯтоҳ ва гоҳ дароз меояд:
Будаст харе, ки дум набудаш,
Рӯзе ғами бедумӣ фузудаш.
(Саид Имоуддин)
В-ар бахти чу ман салимрое,
Бойист агар будӣ вафое.
(Низокӣ)
Дар ин байти Қатрани Табрезӣ калимаи «буд» дорои қима-ти якуним ҳиҷо шудааст:
Касе, ки раста шуд, аз мӯя гашта буд чу мӯй,
Касе, ки ҷаста буд, аз нола монда буд чу нол.
Дар ин қитъаи Носири Хисрав ҳиҷрои якуми калимаи будан кӯтоҳ ва калимаи ту дароз омадааст:
Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту
Ҳама ҳандон буданду ту гирён.
Ончунон эй, ки вақти рафтани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё