Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Манам чун ғунча дар хуноб з-он гулбарги тар пинҳон Дилам садпораву ҳар пора дар хуни ҷигар пинҳон.
(Ҳилолӣ).
Вазнаш: 4 карат мафойлун дар ҳар мисраъ бошад ҳам, охираш мусаббағ меояд.
Агар баъд аз ҳарфи «Н»-и пас аз садонокҳои дароз омадагӣ ягон ҳарфи ҳамсадое ҳамчун «д», «г» ояд (чунон ки дар калимаи бонг, хонд) ҳарфи «Н» дар ҳоли аввали маҳдудӣ боқӣ мондан мегирад ва ба тактеъ на ҳарфи «Н», балки ҳарфи «д» дохил мешавад:
Дар ҳалқаи гулу мул хуш хо(н)д дӯш булбул...1
(Ҳофиз).
Дар байти зерини Ҳозиқ бар хилофи қоида ҳиҷои охирини калимаи азоимхон зиёд кашида мешавад ва бо як ҳиҷои кӯтоҳи намерасидагӣ пур мешавад:
Яке аз худ азоимхон2 дам зад
Диҳад то ҳирзеву3 ҳам «исми аъзам».
Ин ҳолат дар «Шоҳнома» ва дигар осори пешинагон бисёр дида шавад ҳам, ҳанӯз аз тамоман кор нахӯрдани арӯз пеш омадааст.
БАДАЛ ШУДАНИ САДОНОКҲО
Ҳарчанд зоҳиран бадал шудани садонокҳо бо арӯз он қадар алоқаманд набошад ҳам, равшан кардани ин масъала дар вақти гуфтани шеър ва тактеъ ёрӣ калон мерасонад. Дар забони адабӣ калимаҳое ёфт мешаванд, ки аз як ҳиҷо иборат буда, дар шеър дар вақти талаби вазн гоҳе дароз ва гоҳе кӯтоҳ талаффӯз меёбанд ва ё калимаҳое ёфт мешаванд, ки аз ду ҳиҷо ё зиёда аз он иборат буда, гоҳе дароз ва гоҳе кӯтоҳ хонда мешаванд.
Мо ин бадалшавии овозҳои садонокро ба қисмҳо ҷудо карда бо мисолҳо равшан мекунем:
- Бадал шудани «ӣ»-и дароз ва «и»-и кӯтоҳ ба ҳамдигар. Аз рӯи талаби вазн ҳиҷои якуми калимаи «дигар» гоҳ кӯтоҳ ва гоҳ дароз талаффӯз меёбад. Чунончи дар мисолҳои зерин ин ҳолатро мушоҳида мекунем:
Куҷот мақсаду то чанд хоҳӣ, он ҷо бош,
Куҷо расем дигар борӣ кай ба ин дигар?
(Анварӣ).
__________________________ 1 Вазнаш: — мафъӯлу фоилотун. (— — V / — V — —) ду бор дар ҳар мисраъ.
2 Азоимхон — дуохон.
3 Ҳирз — тӯмор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё