Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ёди айёми ҷавонӣ ҷигарам хун мекард,
Хуб шуд, пир шудам, пирию нисёи омад.
(Ишқӣ).

Вазнаш: фоилотун, фоилотун, фоилотун фаълон ё фаълун.
— V — — / VV — — / VV — — / — ~ (— —)

Аз ин сабаб, арӯзиёни қадима ҳамсадои «н»-ро аз тақтеъ хориҷ мешуморанд ва калимаҳои хон, хун, ҷинро бе ҳарфи «н» ба таври хо, ху, чӣ тақтеъ мекунанд:

Ҷо(н) бе ҷамоли ҷово(н) майли ҷиҳо(н) надорад, Ҳар кас ки и(н) надорад, ҳаққо ки он надорад.

Вазнаш: мафъӯлу фоилотун мафъӯлу фоилотун мебошад.
— — V / — V — — / — — V / — V — —

Истисноҳо дар ин мавқеъ ба тарзи зайл аст:

  1. Агар дар ҳолати болоӣ ба ҳарфи «Н» бандаки изофӣ ва ё ягон бандакҷонишини дигар ҳамроҳ шавад, як ҳиҷо ташкил меёбад ва аз ҳолати мазкур озод мегардад. Чунончи дар ин байти Ҳофиз мебинем:

Муддате шуд, к-оташи савдои ӯ дар ҷони мост, В-ин таманно бин, ки доим дар дили вайрони мост.

  1. Ё худ ҳарфи «Н» баъд аз садоноки дарозе ояду ба калимаи дигар васл шавад, низ якҷоя бо он ҳиҷо ҳиҷои дарози оддие ташкил мекунад. Чунон ки дар ин байтҳои Ҳофиз мебинем:

Ҳами зулфи ту доми куфру дин аст,
Зи користони ӯ як шамма ин аст.

Вазнаш: мафойлун мафойлун мафойл.
V — — — / V — — — / V — ~

Ҳаме, ки абрӯи шӯхи ту дар камон андохт,
Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт.

Вазнаш: мафойлун фоилотун мафойлун фаълон.
V — V — / VV — — / V — V — / — ~

  1. Ҳарфи «Н» дар охири мисраъ баъд аз садоноки дароз ба ҳоли худ боқӣ мемонад. Чунончи, дар ин байтҳо мебинем:

Шароби лаъл кашу рӯи маҳҷабинон бин,
Хилофи мазҳаби онон ҷамоли инон бин!
(Ҳофиз).

Вазнаш: мафойлун фоилотун мафойлун фаълун.
V — V — / VV — — / V — V — / — —

пешина
аз 303
навбатӣ