Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Саҳаргоҳон, ки маҳмури шабона
Гирифтам бода бо чангу чагона.
(Ҳофиз).
Вазнаш: мафойлун мафойлун фаъулун.
— V — — / — V — — / V — —
Ҳар тир ки бар ҷони ту аз дур расида
Дил омада наздику бар ӯ дӯхта дида
(Камол).
Вазнаш: мафъӯлу мафойлу мафойлу фаъулун.
— — V/V — — V/V — — V/V — —
МАВҚЕИ ҲАРФИ «Н»
Фаромӯш набояд кард, ки дар арӯз ҳарфи «н» дар мобайни мисраъ дар ҳиҷоҳои дароз баъд аз садонокҳои о, и, ӯ (вови маъруф) воқеъ шавад, ба тактеъ дохил намешавад. Зеро дар савтиёт (фонетика) садонокҳои дарози о, и, ӯ (вови маъруф) садонокҳои пеши димоғӣ буда, дар вақти ҳосил шудани онҳо забонча (пардаи ком) дар мобайни девори гулӯ ва бехи забон овезон мемонад. Ҳамин ки нафас аз садопардаҳо гузаштанӣ шуд, дар натиҷаи ларзиш ба ҳавои ларзон, яъне овоз табдил меёбад, ки дар они воҳид аз ду роҳ — даҳон ва димоғ берун меояд. Аммо дар талаффузи ҳиҷоҳое, ки баъд аз садонокҳои дароз ҳамсадои «н» доранд, забонча зуд фурӯ меафтад ва аз паи ларзиши садопардаҳо, ки боиси вукӯи овозҳои садоноки пеши о, и, ӯ мебошад, аз ковокии димоғ хориҷ мегардад.
Ба иборати дигар, дар талаффузи калимаҳои монандӣ «ҷон» ё «хун», ҳангоме ки садонокҳои о ё и адо мешавад, овоз танҳо аз даҳон берун меояд ва ҳангоми талаффузи «н» роҳи ковокии даҳон ба воситаи такя кардани нӯги забон ба милки дандонҳои боло баста мешавад ва нафас танҳо аз ковокии бинӣ берун меояд.
Пас кашиши садонокҳои дароз дар ин маврид нисбат ба кашише, ки дар мавридҳои дигар воқеъ мешавад, камтар мебошад. Бинобар он ин гуна ҳиҷоҳо дорои қимати маҳдуде буда, баробари қимати як ҳиҷои дарози оддӣ «—» мебошад. Аз ин рӯ байни кашиши калимаҳои хоку хон, хубу хун ва чиду чин фарқ ҳаст: калимаҳои якумини ин калимаҳои ҷуфт (хоку хубу чид) дар сурате ки дорои қимати як ҳиҷои дарози оддӣ ва як ҳиҷои кӯтоҳ «ʋ» мебошанд (—ʋ), калимаҳои дуюми — хон, хун ва чин танҳо дорои як ҳиҷои дарози оддӣ «—» мебо- шанду бас. Инак, дар арӯз қимати ҳарфи «н» дар ҳамин мавриди муайян маҳдуд мегардад.
Дар ин байт байни калимаҳои хун, хуб ва нисён дар тақтеъ фарқ дида мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё