Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
онро зевари латифи сухан қарор дода, манзараҳои дилкаши табиат ва ҷамъиятро бо эҳсосоти ишқ нишон медиҳад. Ҳар чизе ки дар дил тааҷҷубу ҳайрат ё ҷӯшу хурӯш ба вуҷуд меоварад, асоси шеър аст. Масалан, дар табиат осмони нилгун, ситораҳои тобон, насими форами пагоҳон, гулгунии шафак ва табассуми гул, нолаи булбул, хироми сабо, сабзаи киштзорҳо, қабудини кӯҳсорҳо, шукуфонии чаман дар домани кӯҳу даман, хулоса, тамоми манзараҳои табиат, ки ба пеши чашм ҷилва мекунад, ҳама асоси шеър, воситаи илҳоми шоир ва ҷӯшон (созандаи) эҳсосоти қалбӣ мебошанд. Тамоми зиндагӣ шеър аст ва Фаридуддини Аттор дар ин боб гуфтааст: Бас ҷаҳон шоир бувад чун дигарон.
Шеър дар забони арабӣ зоҳиран бо калимаҳои шуур, шиор, шаҳр ҳамреша мебошад. Пас шоир соҳиби шуур гуфтан аст.
Ғайр аз шеър калимаи назм низ мавҷуд аст, ки гӯяндаи он нозим ном дорад. Нозим назмкунанда буда, ба як тартиби муайяни вазни маълум калимаву таркибҳоро паси ҳам мечинад ва ҷо ба ҷо мегузорад. Аз ин рӯ, назмро сухани пайваста гуфтан мумкин аст. Вале нозим ҳамчун шоир, ки гӯяндаи шеър аст, наметавонад ба хонандаи худ ҳаяҷони бадеӣ бахшад, аммо вақте ки нозим соҳиби имтиёзи нави таъсир мегардад, он гоҳ на нозим, балки шоираш мемонанд, ки лаҳзаҳои табиат ва ҷамъиятро ба риштаи назми бадеъ кашида, дар сурати амиқ ва дақиқ диққати хонанда ва шунавандаи худро беихтиёр ба тарафи худ мекашад, мафтуни мегардонад.
Ҳатто ин кашандагии махсуси шеър ҳисоб намеёбад. Бисёр ҳикояҳои барҷаста ва қиссаву ривоятҳо мавҷуданд, ки ба хонандаи худ таъсири амиқ мебахшанд, мегирёнанд ё механдонанд, маҳзун ва ё шод мегардонанд. Агарчи ин порчаҳои мансур устухонбандии шеърӣ надоранд ва аз пероияи зебои шеър дур мебошанд, ба ҳар ҳол шеърият доранд. Чакидани ҳомаи муҳандисони рӯҳи инсонӣ дар кадом шакл ки зоҳир шавад, агар маҳсус ба худ қувваи муассир, ҷозибаи навозишкоронаи дилҳо дошта бошад, шеъри мансур номида мешавад.
Намунаи шеъри мансур: аз моҳ боҷамолтар ва аз офтоб бокамолтар ва аз Муштарӣ боэътидолтар буд. Чунин фасли баҳор бо ҳазор рангу нигор ва чунин бутхонаи Чин бо ҳазор зебу оин, лабе пурҳарр ва чашме пурҳумор. Қаде бетоб ва зулфе пуртоб, гуррае чун бунафшан бар савсан дамида ва анкабути оразаш мушки Чин бар барги ёсуман танида...» (Аз «Мақомоти Ҳамидӣ»).
Ин порча, ки шомили васфи ҳусну ҷамоли дилбарон аст, дорой вазн, қофия ва оҳанги шеърӣ — мусиқӣ набуда, дар сурати мансур таълиф ёфтааст. Таносуби калом, зебоии сухан ва дақиқии маъно, латофати мазмун, устухонбандии ибораю калима ва ҷумлаҳо насрро ба сурати шеъри латифе ҷилвагар кунондааст: Фарқи он аз шеър фақат ин аст, ки дорой вазну қофия нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё