Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Фикраи зерини устод Айнӣ намунаи шеъри мансури муосир аст:
«Ман барои ту, барои ин чашму абрӯи сиёҳи ту, барои ин рӯи чун моҳи ту, барои дасту бозуи тавонои ту, барои ин суханҳои қатъию буррои ту тайёр ҳастам, ки худамро дар як деги ҷӯшон, дар оташи сӯзон, дар кӯраи тафсон, дар дарёи хурӯшон андозам».

Навъҳои наср

  1. Насри мурсал. Агар наср равону содда ва холии аз перояи саҷъ ва санъате бошад, насри мурсал номида мешавад.
    Забони ҳикояҳо, қисса ва мақола намунаи насри мурсал аст.
  2. Насри мусаҷҷаъ. Мусаҷҷаъ каломи мукаффо — сухани кофиядор аст. Мусаҷҷаъ ҷумлаҳои мусалсалест, ки охири ҳар кадоми онҳо бо калимаҳои ҳамшакл ё калимаҳое, ки шаклан ба ҳамдигар наздиканд, тамом мешавад. Ин ҳамшаклии охири ҷумлаҳо саҷъ аст. Саҷъ дар наср дар ҳукми қофия мебошад.
    Сухани мансуре, ки саҷъ дорад, мусаҷҷаъ ном мегирад.
    Мисол аз «Гулистон»-и Саъдӣ: «Фалон азм карда ва нияти ҷазъм оварда, ки дар нишемаи узлат нишинам ва доман аз сӯҳбат фарочинам».

Гоҳ каломи мусаҷҷаъ шомили санъате ҳамчун таҷнис, тарсеъ, акс ва ғайра мегардад. Мисол аз «Муноҷотнома»-и Абдуллоҳи Ансорӣ: «Дар хона кас аст, як ҳарф бас аст», «Ҷуз рост набояд гуфт, ҳар рост нашояд гуфт»... «Ба гулзоре расидам ва сабзаворе дидам, ки намудоре буд аз биҳишт, хоки ӯ анбаринсиришт, майдони он рӯфта, гулҳон он ба ноз шукуфта, ҷонварони ӯ зебо, саҳни ӯ ҳама дебо, дарахтони ӯ баланд, ҳавои ӯ бегазанд, гулҳои ӯ ботароват, меваҳои ӯ боҳаловат, ҷӯйбори ӯ пуроб аз шабнаму гулоб, на дар шукуфаҳо нуксе ва дар баргҳои ӯ рақсе»1.

  1. Насри мутакаллиф (ё маснӯъ). Насри мутакаллиф баробари дорои саҷъ будан, шомили ҳар гуна санъатҳои мураккаб, луғатҳои душвори арабӣ ва тоҷикию форсии ғайрифаҳмо мебошад. «Таърихи Вассоф», «Дурраи Нодира», «Таърихи ҷаҳонкушой»-и Ҷувайнӣ, «Синдбоднома»-и Заҳири Самарқандӣ ва ғайра намунаи насри мутакаллиф аст.

Мисол аз тарҷумаи «Таърихи Яминӣ», ки шомили санъати
иғроқ ва талмеҳ аст: «На сур2, бар мувозоти шарафоти3 ӯ нарасидӣ, побонаш агар хостӣ, минтақаи ҷавзои бигирифтӣ ва

1 Таърихи татаввури насри фаннӣ, таълифи доктор Ҳусайни Ҳатибӣ, Теҳрон, 1344 ҳиҷрӣ, саҳ. 92.
2 Сур — калъа, девори шаҳр, бора.
3 Шарафот — ҷамъи шарафа, пешайвон (балкон).
4 Ҷавзо — яке аз дувоздаҳ бурҷи фалакӣ, ки дар 21 ё 22-и он моҳи июн дохил мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ