Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
натиҷаи бехабарӣ аз қоидаҳои арӯз дар байте як ё ду ҳарф (ҳиҷо) зиёд ва ё кам воқеъ шуда, шеър аз вазн берун меравад, асосан захф номида мешавад.
Шоирон, мунаққидон ва шеършиносон ҳолати фасоҳатшикани захфро сакта номидаанд.
Вале захф дар луғат ба маънои аз асл дур афтодани тир буда, дар истилоҳи арӯз якчанд тағйиротест, ки дар усули аркон, яъне дигаргунӣ дар ҷузъҳои рукнҳо мебошад. Бинобар ин мисраъ ё байтҳое, ки дар он захф рӯй додааст, мунзаҳиф ё шикаста (мункасир) ном мегирад.
Якчанд мисоли захфро, ки дар натиҷаи аз арӯз бехабар будан ва надоштани малакаи баланд, беэътиноӣ ва бедиққатӣ дар шеър рӯй додааст, нишон медиҳем.
Дар шеъри зерини Нақибхони Туғрал захф дида мешавад:
Котиби некураками хушбаёз,
Мӯътамади ҳазрати шоҳ, Булфаёз,
Дар қаламу нома уторидҷоҳ,
Муншии девони вазорактпаноҳ,
Гарчи қаровулбегияс(т) мансабаш,
Нест ҷудо аз бари шоҳ як шабаш(?!)
Вазнаш: муфтаилун муфтаилун фоилун
— ⋃ ⋃ — / — ⋃ ⋃ — / — ⋃ —
Дар мисраи севвум ҳиҷои охирини калимаи «уторид» (عطارد)-ро аз ҳолати табиӣ зиёд кашидан лозим меояд, ки норавост, зеро ҳиҷои охирини ин калима аз ҳиҷоҳои кӯтоҳ аст. Инчунин дар мисраи 5-ум ҳарфи т ки дар охири калимаи қаровулбегияст меояд, барзиёд афтода, боиси захф шудааст.
Дар ин шеъри Пайрав дар калимаи пуркувват ҳарфи «т» аз вазн зиёд аст. Инчунин дар мисраи чорум як ҳиҷои кӯтоҳ намемерасад:
Мускули сахт, бозуи пураӯр,
Дасти пуркувват(т), панҷаи маҳкам,
Гунаҳо сурх, чашмҳо пурнур,
Пешрав, пешбин, (...) пешқадам.
Вазнаш: фоилотун мафоилун фаълун
— ⋃ — — / ⋃ — ⋃ — / — —
Дар байтҳои зерини Пайрав низ захф дида мешавад:
«Завраки иш(қ) шикаста шуд» Афсӯс!...
Сафарашро тамом нокарда.
Киштии меҳна(т), киштии заҳмат,
Киштии зидди шоҳу давлату дин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё