Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Вазнаш: фоилотун мафоилун, фаилун ё фаълун ё
фаълон - V - - / V - V - / VV -
Дар байти аввал ҳарфи «к» аз охири калимаи ишқ зиёд буда, ба калимаи оянда васл намешавад.
Дар мисраи аввали байти дуввум аз охири калимаи «меҳнат» ҳарфи «т» барзиёд аст.
Чунон ки зикр ёфт, аз рӯи қоидаи арӯз дар шеър хоҳ ҳарфе ва хоҳ ҳиҷое зиёд ё кам воқеъ шуда бошад, заҳф меноманд. Вале мо барои имтиёзи ин ду ҳодиса якумиро сакта ва дуюмиро имола ё ба ибораи соддаву фаҳмотар кашиш меномем.
ИМОЛА Ё КАШИШ
Имола ё кашиш ду ҳолат дорад: агар ҳиҷо бо нарасидани ҳарфе, ба кашиши зӯр ба зӯракӣ дучор гардад, имолаи мақдӯҳ (шикаста) ё кашиши нораво номида шуда, агар ин кашиш дар ҳолати мӯътадил воқеъ шаваду боиси аз вазн баромадани шеър ва танофури асвот навазад, кашиши раво номида мешавад. Ҳамаи ҳиҷоҳои дароз ва пурраи рақами 4, 5, 6 ба кашиши раво дохил мешавад.
Бер мерафту оҳ мекардам,
В-аз паи ӯ нигоҳ мекардам.
Вазнаш: фоилотун мафоилун фаълун
— V — — / V — V — / — —
Калимаҳои ёр, оҳ ва ҳиҷои дуюми калимаи нигоҳ дар вақти хондан дорои кашиши раво буда, дар ҳангоми тақтеъ ба воситаи ҳаракати замма (пеш) ҳиҷои кӯтоҳи «у» ҳосил мегардад ва адади ҳиҷоҳо аз рӯи камият ба ҳам рӯ ба рӯ ва баробар меояд. Арӯзнёни пешина ин хел ҳиҷои кӯтоҳро, ки дар охири чунин ҳиҷоҳо пайдо мешаванд, маҷҳулулҳарака меномиданд.
Ба ҷуз ҳиҷоҳои дарози пурра, ҳиҷоҳое дида мешавад, ки аз рӯи вазн садоноки кӯтоҳро каме кашида бо ишбоъ хондан лозим меояд. Чунон ки дар ин байт мебинем:
Подзаҳр аз шарри заҳр афзун шавад,
Чун зи андозаи худ берун шавад.
(Аз «Синдбоднома»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё