Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дӯст(е) он бошад, ки гирад дасти дӯст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
(Саъдӣ).
Аксар дар охири мисраъҳо ҳамсадои охири ҳиҷоҳои пурра аз вазн зиёд меафтад. Ғайр аз Насируддини Тӯсӣ ҳамаи арӯззиёнии пешина ва шоирони фасеҳбаёни ғазалсарой ҳамсадои охирро, ки аз вазн зиёд афтодааст, раво мешуморанд.
Пас барои ифодаи зиёдатии ҳарфҳои ҳамсадо дар охири мисраъҳо дар қовоиди навини арӯз як аломати мадд (~) мемонанд 1.
Гаронмоягонро бар — он сон ки хост,
Бифармуд рафтан сӯи дасти рост.
(Низомӣ).
Гуфтам ба хоби хеш бубинам хаёли дӯст,
Инак алас-сабоҳ назар ба ҷамоли дӯст.
(Саъдӣ).
Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест,
Миннати хоки дарат бар басаре нест, ки нест,
(Ҳофиз).
Вазни байти Низомӣ:
фаӯлун фаӯлун фаӯлун фаӯл
V — — / V — — / V — — / V ~
Вазни матлаи Саъдӣ:
мафъӯлу фоилоту мафойлу фоилон
— — V/ — V — V/ V — — V/ — V ~
Вазни матлаи Ҳофиз:
фоилотун фаилотун фаилотун файлон
— V — — / VV — — / VV — — / VV ~
Охири ҳиҷои рақами 6-ум танҳо бо яке аз ҳарфҳои с, т, д, п
тамом мешавад; ҳамчун гузорд, қошт (дар феъл), Гаршосб,
орд порс (дар исмҳо);
Ироку Порс гирифтӣ ба шеъри хуш, Ҳофиз,
Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.
Тактеаш: V — V — / VV — — / V — V — / — —
ЗАҲФ
Чунон ки дар боби зиҳофот зикр ёфт, дар натиҷаи тағйироте, ки ба воситаи қоидаи махсус ба амал меояд, вазни нав
ҳосил мешавад, ки зиҳофаш меноманд, вале тағйироте, ки дар
1 Мо барои ифодаи ҳиҷоҳои охири рукнҳои максур, мусаббағ, музол, мутаввал, мавкуф ва рукнҳои маҷдӯъ, азалл ва маслуҳ низ ҳамин аломати мадд ( ~ )-ро қабул намудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё