Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ба худ касби асосӣ қарор дода, таърихнависии онҳо туфайли будааст. Вале дар Мовароуннаҳр дар давраҳои охирини, асри XVII—XVIII, махсусан дар асри XIX ва аввали асри XX бисёре аз шоирон ба таърихгӯӣ соҳиби дасти дароз буданд. Масалан, аз шоирони мутааххир Ҳайрат, Садри Зиё, Васлӣ ва Сипандӣ дар таърих истеъдоди баланд доштанд. Дар Самарқанд ягон масҷид, меҳмонхонаи навине нест, ки Васлӣ ё Сипандӣ қитъаи таърих нагуфта бошанд. Ба ҳамин тариқа таърихи валодат ва вафоти одамони машҳури ин давра бо қитъаи таърихии ин шоирон сарафроз нашуда намондааст.

Ихроҷ ва идҳол

(Иққот ва идҳол)

Дар миёни шоирони мутааххирин қоидаест, ки агар таърих доир ба вафот бошад, ҳарферо аз моддаи таърих берун мекунанд, ки ихроҷ ном дорад ва агар ба таваллуд ё таълифи асар ё таъсиси бино ва монандӣ инҳо оид бошад, дар сурати нарасидани ҳарфе ҳарфе аз калимаи дигаре илова мегардад, ки идҳолаш меноманд.

Моддаи таърихи вафоти писарчае аз тарафи Малеҳои Самарқандӣ ба таври ихроҷ «гулғунчах зи по афтод» гуфта шудааст, вале аз калимаи «гулғунчах» рақами 5 зиёд аст, шоир бо камоли маҳорат ба таври таъмия ҳарфи «ҳо»-и ҳамвазро аз охири «гулғунчах» (گلغنچح) ихроҷ кардааст (ки «зи по афтод» ишораи он аст) ва рақами матлуб ($1103 = 1691-92$) боқӣ мондааст.

Моддаи таърихи зерин аз тарафи Тамҳиди Самарқандӣ доир ба табъи девони Туғрал 1916 ба таври идҳол гуфта шудааст:

Шуд ин мисраъ нигини мӯҳри таърих,
Зи рӯи табъ «Ҳай девони Туғрал».

«Ҳай девони Туғрал» (حی دیوان طغرل) ба ҳисоби абҷад 1325 аст, вале ба ин ҳарфи аввали табъ (طبع), ки ба ҳисоби абҷад 9 аст, илова шавад, рақами матлуб 1334 (1915—16) ҳосил мегардад.

Моддаи таърихи «яке аз қозиён кам шуд» ва «Аз ҳавзи Лариф об бардор», ки дар боло дида будем, мисоли моддаи таърих ба таври ихроҷ (иққот) аст.

МУАММО

Муаммо санъатест, ки шоир номи махсус ё чизеро дар сурати нуҳуфта ба воситаи амали қалб ва тасҳиф ё бо иваз кардани муродифҳо, ҳисоби абҷад, киноя ва ишоратҳои пӯшида

пешина
аз 303
навбатӣ