Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар алифбои арабӣ 28 ҳарф (овоз) мавҷуд аст, ки дар 8 калимаи махсус ҷамъ оварда шудааст:
- أبجد — абҷад, 2) هوز — ҳавваз, 3) حطی — хутӣ, 4) كلمن — каламан, 5) سعفص — саъфас, 6) قرشت — қарашат, 7) ثخذ — саххаз, 8) ضغظ — зазағ.
Аз ҳарфи алиф — 1 сар карда, то ӯи хуттӣ ҳар ҳарф яке аз шумораҳои якиро, яъне ҳамагӣ аз як то даҳро ифода мекунанд:
ا (алиф) — 1, ب (бо) — 2, ج (ҷим) — 3, د (дол) — 4 ва ҳоказо.
Аз ҳарфи ك (коф—к) то ҳарфи ص (сод) — «с» ҳар ҳарф як шумораи даҳиро ифода мекунад.
ك (коф) — 20, ل (лом) — 30, م (мим) — 40, ن (нун) — 50, س (син) — 60, ع (айн) — 70, ف (фо) — 80, ص (сод) — 90.
Аз ҳарфи ق (коф—қ) сар карда, то غ (ғайн—ғ) шумораҳои садиро ифода мекунанд, яъне сад-сад боло меравад:
ق (коф) — 100, ر (ро) — 200, ش (шин) — 300, ت (то) — 400,
ث (со) — 500, خ (хо) — 600, ذ (зол) — 700, ض (зод) — 800,
ظ (зоғе) — 900, غ (ғайн) — 1000.
Ҳарфҳои чоргонаи махсуси форсию тоҷикӣ پ، چ، ژ، گ дар забони арабӣ на шакл дорад, на овоз. Дар вақти лузум инҳо ба қимати ҳарфҳои наздикмахраҷ ва монанди худ доро мешаванд:
پ (пе) — 2, چ (че) — 3, ژ (же) — 7, گ (гоф) — 20, яъне аз рӯи қимат پ ба ب، چ ба ج، ژ ба ز ва گ ба ك мусовист.
Шарти асосии моддаи таърихи лафзӣ вобаста ба муносибати мафҳуми иборат ба асли мавзӯъ буда, ҳар қадар ин муносибати маъзнавӣ афзояд, ҳамон қадар моддаи таърих латифтару дилчасптар мегардад.
Алишери Навоӣ ва Ҷомӣ бо ҳам дӯстию ихлосмандии тамом доштанд. Ҳангоме ки Сафиуддини ном тифли яксолаи Ҷомӣ дар соли 880 ҳиҷрӣ (1475—1476 мелодӣ) вафот кард, Навоӣ барои тасаллій ҷумлаи «бақои ҳаёти шумо бод» (بقای حیات شما باد) — ро фиристод, ки ба ҳисоби абҷад моддаи таърихи вафоти кӯдак мебошад.
Агар рақами ҳамаи ҳарфҳои ҷумлаи «бақои ҳаёти шумо бод»-ро ҷамъ кунем, рақами 880 ҳосил мешавад, ки соли вафоти кӯдак аст (соли 1475—1476 мелодӣ).
ب — 2, ق — 100, ا — 1, ي — 10, ح — 8, ي — 10, ا — 1, ت — 400, ش — 300, م — 40, ا — 1, ب — 2, ا — 1, د — 4 = 800.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё