Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Соли 58-и то милод Сезар ҳукмронии вилояти Галлийро ба муҳлати панҷ сол (ба ҷойи як сол) ба даст овард, соли 55-и то милод ин муддат боз ба панҷ соли дигар тамдид гашт. Красс ба Сирия ва Помпей ба Африқою Испания соҳиб шуданд.

Сезар дар Галлий қариб даҳ сол истод. Вай қисми зиёди ин сарзаминро ба давлати Рим тобеъ намуд, 300 қабиларо мутеъ сохт, бо се миллион нафар сокини музофотҳо ҷангида, як миллион нафарро кушт, миллиони дигарро ба асирӣ гирифт. Беҳад бой шуд, артиши ҷангдидаю обутобёфтааш ҳамеша дар ҳимояаш меистод. Ягон маротиба сарбозонаш ошӯб набардоштанд, онҳо беандоза ба сарлашкарашон содиқ буданд.

Солҳое, ки Сезар аз Рим дур афтода буд, дар ин ҷо воқеаҳои муҳим рӯй доданд. Красс дар ҷанги зидди парфияниҳо кушта шуд. Юлия, духтари Сезар аз дунё чашм пӯшид. Помпей дар Рим аз ҳама нерӯманд буд ва сенат дар ихтиёри ӯ қарор дошт. Задухӯрди байни Сезар ва Помпей пухта мерасид.

Муҳлати будубоши Сезар дар Галлий итмом меёфт. Сенат қарор кард, ки ӯ артишашро пароканда созад ва ҳамчун шаҳрванди оддӣ ба Рим баргардад. Вале Сезар бо нерӯи гирдовардааш ҷониби Рим роҳ гирифт. 10 январи соли 49-и то милод дар соҳили дарёи Рубикон, ки хати сарҳади музофоти Сизалпинский Галлий ва Италия ба ҳисоб мерафт, Сезар ба ҳамсафаронаш гуфт: «Агар ман ин дарёро убур карда натавонам, нокомиҳо рӯ ба рӯ меоянд, агар убур намоям, ин оғози бадбахтии дигарон хоҳад буд». Сипас асп ба дарё андохт. Дар соҳили дигари Рубикон илова намуд: «Бигузор қуръа партофта шавад!

Ҳуҷуми ногаҳонии Сезар комёбӣ овард. Помпей ва аксари аъзои сенат ба Юнон гурехтанд. Ҷанг байни Помпей ва писа- рони ӯ бо Сезар соли 45-и то милод бо ғалабаи Сезар анҷом ёфт. Помпей ҳанӯз соли 48-и то милод аз ҷониби мисриён хои- нона кушта шуд. Ҳамон вақт Сезар бо Клеопатра вохӯрд. Оши- қаш гашт. Аз онҳо писар, Сезарион, ба дунё омад. Сезар аз

пешина
аз 424
навбатӣ