100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ҳамаро баҳри иҷрои дигар амалҳо низ сафарбар карда метавонад. Дар Рим Юлий худро чун моҳии бузург дар баҳри пурталотум озод ҳис менамуд. Ҳангоме ки дар соли 68-и то милод холааш Юлия ва завҷааш Корнелия аз дунё чашм пӯшиданд, ӯ дар Форум, майдони марказии Рим, ҳангоми ёдбуди онҳо аз ҷумла чунин иброз дошт:
«Сулолаи Юлия, холаи ман, аз ҷониби модар бо авлоди шоҳон мепайвандад, аз тарафи падарӣ ба худоёни абадзинда, зеро аз шоҳ Анка Мартсия авлоди Мартсии Рекси (шоҳон) ба вуҷуд омадаанд, ки номи онҳоро модари ӯ гирифта буд, аз Зӯҳраи олиҳа насли Юлийҳо сарчашма мегирад, ки ба он оилаи мо мутааллиқ аст. Ана барои чӣ авлоди мо дахлнопазиранд ба мисли шоҳон, ки пуркудрату тавоноянд нисбат ба ҳамаи одамон ва соҳибэҳтироманд ба монандӣ худоён, ки ба онҳо шоҳон ҳам фармонбаранд.»
Сезар муттасил боло мерафт. Соли 67-и то милод вазифаи претор – ҳокимияти дараҷаи олии судии оид ба парвандаҳои шаҳрвандиро соҳиб шуд. Пас аз адои мӯҳлати яксола ҳукмронии Испанияро ба даст овард. Баъди чанд ғалабаи пайиҳам Сезар унвони олии ҳарбӣ - императорро гирифт. Акнун барои ҳокими мутлақ гаштан ӯро лозим меомад, ки аз ду ҳарифи пурзӯр халос гардад. Яке Красси фавқулодда бой, дигаре сипаҳсолори маъруф Помпей, хӯҷайнони ҳақиқии Рим, буданд. Сезари донову дурбин иттифоқи сегонаи Красс, Помпей ва Сезар – триумвиратро бар зидди ҳокимияти ашрофон созмон дод. Сезар духтари ягонааш Юлияи 23-соларо бо Гней Помпейи 46-сола ақди никоҳ баст. Аҷибаш ин ки ҳаёти оилавии онҳо хеле хушбахтона сурат гирифт.
Бо ёрии Помпейу Красс Сезар консул интихоб мешавад ва лоиҳаи чунин қонунҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба манфиати омма буданду ба фоидаи сенат не. Помпей ҷангиёнашро ба толори сенат ворид сохт ва қонунҳо аз ҷониби сенат ба тасвиб расиданд. Аён гашт, ки хӯҷайни ҳақиқии давлати Рим Сезар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё