100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Дар арафаи иди писҳои (пасха) яҳудиён Исои Масеҳ ба Байтулмуқаддас наздик меояд. Вай ба шаҳр харсавор бо як ҳашамат ворид мешавад. Баъзе аз ҳамраҳон пироҳан бадар намуда, зери пояш мепартоянд, дигарон ба роҳаш шоҳҷаҳои дарахти накл густурда, бо хушнудӣ пешвозаш мегиранд. «Вақте ки вай вориди Байтулмуқаддас шуд, тамоми шаҳр ба хурӯш омад ва гуфт: «Ӯ кист?» (Инчили Марк).
Ҳамин ки Исо ба Байтулмуқаддас қадам гузошт, зуд ба ибодатгоҳ рафт. Ӯ ҳамаи фурӯшандаҳову харидоронро аз ибодатгоҳ ронд, кашондани колоро аз тариқи саҳни он манъ кард. Аз Навиштаҷоти муқаддас мисол ҳам овард: «Хонаи ман хонаи тоату ибодат аст, шумо бошед онро ба макони роҳзанҳо табдил додаед». Вақте ки соҳибкитобҳо ва рӯҳониёни воломақом аз ин ҳодиса бохабар гаштанд, андешиданд, ки бо кадом роҳ аз Исо халос шаванд. Онҳо аз вай дар ҳарос буданд, зеро мардуми зиёде ба таълимоташ гӯш меандохтанд. (Инчили Матфей). Қуҳансолони яҳудӣ, ки муассисаи махсуси динию маъмурӣ ва судӣ — синедрион — созмон дода буданд, ба қароре омаданд, ки Исои Масеҳро ба суд кашанд ва барои ба қатл расондан ба ҳукуматдорони Рим супоранд.
Аз рӯи шаҳодати инҷилҳо ҳамаи ин аз аввал ба Исо аён буд. Зеро ӯ ба шогирдонаш хабар дода буд, ки баъди ду рӯз, ҳангоми иди писҳо аз ҷониби душманҳо чормех карда мешавад. Вай ба марг омода мегардад. Ба як зан (Иоанн чунин мешуморад, ки вай Марям, хоҳари Лазари эҳёгашта буд) иҷозат медиҳад, ки аз сараш ҳанути гаронбаҳо резад, гӯё ҷисмашро марҳам молида ба гӯронидан омода мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё