100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Исои Масеҳ ба мӯъҷизаҳо аз сидқ бовар дошт ва мегуфт, ки ҳукмронии мӯътақидон ягон рӯз, албатта, фаро мерасад. Исои Масеҳ барои худ дувоздаҳ шогирд баргузид ва онҳоро апостол (ҳаворӣ, тарғибгар, мубаллиғ) ном ниҳод. Ба онҳо барои мубориза алайҳи ҳама гуна «қувваҳои аҳриманӣ» нерӯ бахшид ва «табобати маризҳо»-ро омӯзонд. Баъд онҳоро баҳри тарғиби ҳукмронии мӯътақидон ба маҳалҳо фиристод. Исо пешгӯй намуд, ки апостолҳоро таъқиб мекунанд, вале онҳо бояд аз ягон душворӣ натарсанд. Зеро ҳар як мӯйи аз бадан афтодаи онҳо дар осмон ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар инҷилҳо номҳои апостолҳои зерин сабт ёфтаанд: Симон (Пётр), Андрей, Иаков Зеведеев, Иоанн, Филипп, Варфоломей (Нафанаил), Фома, Матфей, Иаков Алфеев, Фаддей, Симон Кананит ва Иуда Искариот. Ҳазрати Исо боз ҳафтод нафар шогирд интихоб кард ва онҳоро ба кишварҳои гуногун фиристод, то ки дини масеҳиро тарғиб намоянд ва беморонро сиҷатӣ бахшанд.
Баъди интихоби апостолҳо Исо дар назди ҳозирон ваъз гуфт. Дар Инҷили Матфей омадааст, ки дар кӯҳ ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, дар Инҷили Луки «дар ҷойи ҳамвор, дар подомани кӯҳ» гуфта шудааст. Муаллифони инҷилҳо ин ваъзи Исоро ҳамчун кодекси масеҳият, қонуни ҳукмронии Худованд дар Аҳди Ҷадид меҳисобанд.
Исо қонунҳои худро дар чаҳорчӯби ҳашт наҳии саодатмандӣ эълон менамояд. Ӯ таълим медод, ки аҳкоми Аҳди Қадим иҷро шуданд, акнун вақти ҳукмронии Худо расидааст ва дар мулки Парвардигор азобу машаққат, муфлисӣ нест, оромӣ, сулҳу субот, хушбахтӣ ва саодатмандӣ ҳукмронанд. Вай мулки Худовандро ба ашхоси «руҳан фақир» ҳам ваъда медиҳад ва мегӯяд: «Онҳое, ки мегирянд, тасалло меёбанд ва гиряашон ба ханда мубаддал мегардад». Барои ин одамон бояд одил, меҳрубон, дилсоф ва сулҳпарвар бошанд. Ва дар охир Исо саодатманд гаштани ашхоси баҳри ҳақиқат ҷабру ҷафо кашидаро эълон менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё