Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шоҳ Ироди Кабир (ирод-золим) аз пешгӯиҳои пурасрор бохабар шуд. Вай фармон дод, ки ҳамаи тифлҳои дар Вифлеем ба дунёмадаро ба қатл расонанд. Ӯ бо ин роҳ мехост хавфро аз сараш дур афканад. Марям барои аз хатар наҷот ёфтани тифл, бо ӯ ба Миср мегурезад ва он ҷо марги Иродро интизор мешавад.

Дар бораи ба Назарет баргаштани Исо маълумот кам аст.
Вай касби дуредгариро меомӯзад. Ҳангоми зиёрати оилавӣ Байтулмуқаддас Исо ғайб мезанад. Баъдтар ӯро дар маъбади Байтулмуқаддас ёфтанд «дар байни муаллимон, ки онҳоро мепурсиду мешунид» ва он бандаҳо «аз ақлу заковат ва посуҳҳои ӯ ба ҳайрат афтода буданд». (Инҷили Луки, 2-47). Таҳқиқгарони зиёде чунин меҳисобанд, ки Исо аз дувоздаҳ то сисолагиаш (ҳарчанд дар инҷилҳо аз ин ҳодиса сухане нарафтааст), ба мисли Иоҳанн Крестител (Юҳаннон Таъмидӣ, Яҳё) узви ҷамоаи ессевҳо буд ва дар соҳили баҳри Майит мезист. Гӯё дар ин ҷо вай каломи Худо ва тарзи табобати маризонро омӯхтааст.

Ахиран Исо ба назди Юҳаннон Таъмидӣ меравад ва аз ӯ ғусли таъмид мегирад. Сипас ба муддати 40 рӯз рӯ ба биёбон меорад. Тани танҳо мегардад, аз ғизои фаровон даст мекашад ва дар ин ҳолат бо иблис муборизаи рӯҳӣ мебарад. Дар ин айём Исо қариб сисола будааст. Вале дар Инҷили Иоанн (8-67) синни дигар оварда шудааст: «Ту ҳоло ба синни панҷоҳ нарасидай».

Шогирдону шунавандагони нахустинаш моҳидорони кӯли Тивериада будаанд. Исо ҳамроҳи онҳо дар сарзамини Фаластин мегашт ва таълимоти диниашро тарғиб мекарду мӯъҷизаҳо нишон медод.

Исои Масеҳ таблиғот мебурд, ки аз ҳар гуна амали манфиатовар ва имтиёзҳои иҷтимоии шахсӣ даст кашед. Исои Масеҳ, ки «ҷойи сар халонда дам гирифтан надошт», чун воизи сайёҳ деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр мегашт, барои пайравонаш шахсан худаш намунаи ибрати чунин зиндагӣ буд. Мӯҳтавои муҳими таблиғот дӯст доштани душманону таъқибгарон ва нисбати онҳо муҳаббат парваридан буд.

пешина
аз 424
навбатӣ