Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Исо Масеҳ бо ҳамроҳии 12 нафар апостол пинҳонӣ мизи тановули идона оро медиҳад. Ҳангоми зиёфат Исо «аллакай медонист, ки вақти аз ин дунё ба он дунё, назди падар реҳлат карданаш расидааст. Ва Исо дар ин ҷаҳон пайравонашро дӯст дошт, то абад ба онҳо меҳр пайдо кард». Вай бо навбат пойи шогирдонашро шуста, пок менамояд ва бо ин амал намунаи хоксорӣ, фурӯтанӣ, тавозӯъро нишон медиҳад.

Ҳангоми зиёфат Исо мегӯяд, ки яке аз шогирдонаш ба ӯ хиёнат мекунад. Шогирдон саволомез ба ҳам менигаранд. Яке аз шогирдони дӯстдоштааш ба гапи Пётр даромада мепурсад: «Худоё! Ӯ кист?». Исо посух бидод: «Ҳамоне, ки нонро тар карда медиҳамаш». Вай нонро тар кард ва ба Иуда Искариот муроот намуда гуфт: «Кори мекардаатро зуд анҷом деҳ». Касе ӯро нафаҳмид. Иуда зери пардаи шаб аз хона ғайб зад, то ки хиёнаташро амалӣ созад (Инҷили Иоанн).

Баъди рафтани Иуда Исо нон гирифта баракат хост, онро пора намуда ба шогирдон тақсим мекарду мегуфт: «Гиред, хӯред, ин ҷасади ман аст». Баъд пиёла бардошта, ба он баракат хост ва ба шогирдон бидод: «Нӯшед, чизе, ки андарунаш аст, он хуни аҳди ҷадиди ман аст, хуне, ки барои омурзиши гуноҳони зиёд рехта» (Инҷили Матфей).

Шабро Исо дар боғи Гефсимон, дар шарқи Байтулмуқаддас ба сар мебарад. Нимашаб Иуда бо навкарони яроқбадасти ҷамоати яҳудиёни куҳансол омада, Исоро ба судӣ синедпион мебаранд. Исо дар суд нузули худро бо сарбаландӣ тасдиқ менамояд. Барои ҳамин ба ӯ пешакӣ ҳукми қатл медиҳанд. Прокуратори римӣ Понтий Пилат ҳукмро тасдиқ мекунад.

Соли қатли Исо мухталиф нишон дода шудааст. Дар маълумоти расмӣ омада, ки Исо 33 сола буд. Аммо дар баъзе сарчашмаҳо 36,37 ва ҳатто 45 сола будани Исо қайд шудааст. Аз рӯи гуфти инҷилҳо марги Исо ин охири ҳаёти ӯ набуда, балки ҷуброни гуноҳҳои бандагон аст. Марг оғози ҳаёти нав, роҳи наҷот аст. Дар ҳамаи инҷилҳо эҳё ёфтани Исо пас аз марг сабт гаштааст, аммо ба тарзҳои гуногун. Гӯё баъди иди писҳо занҳо ба зиёрати қабри Исо омаданд. Ҷавонеро диданд. Ӯ гуфт: «Исоро меҷӯед... чормехшударо... вай зинда шуд, ӯ ин ҷо нест». Ё худ фариштае ба занҳо амр менамояд, ки зинда гаштани Исоро ба шогирдонаш расонанд. Инчунин муаллифони инҷилҳо ҳашт зуҳури Исоро дар давраи аз эҳёшавӣ то меъроҷ сабт намудаанд. Чил рӯз Исо баъди эҳё гаштан дар рӯи замин буд. Рӯзи чилум дар Байтулмуқаддас, дар назди апостолҳо пайдо гашт. Исо онҳоро ба тарғибу ташвиқи Инҷил даъват намуд. Амр кард, ки дар Байтулмуқаддас бошанд ва ба наздикӣ бо рӯҳи муқаддас таъмид шуданро ваъда дод. Сипас, дар пеши чашми шогирдон ба осмон боло шуд ва «абр ӯро аз назари онҳо пинҳон кард».

пешина
аз 424
навбатӣ