100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Сиддхартха
Гаутама (Буддо)
(623-544 то милод)
Сиддхартха Гаутама асосгузори яке аз се дини асосии дунё — буддизм аст. Чи тавре ки Лама Анагарика Говинда зикр кардааст, Буддо «дар байни асосгузорони дин ва мутафаккирони барҷаста аввалин буд. Нахуст дар ҷаҳон ӯ дарк сохт, ки натиҷаҳои андешаҳои инсоният, ба монанди ғоя ё ақида, эътиқоди динӣ ё даҳригӣ, он қадар муҳим нестанд, ба таври дигар гӯем, донишҳои концептуалии хоҳ дар шакли догмаҳои динӣ, «ҳақиқати мутлақ» ё дар шакли мафҳумҳои илмӣ баён гашта бошанд ҳам, ба ҳамин хулоса меоранд, яъне фаъолияти рӯҳонӣ ва андешаронӣ усули беҳтарини зиндагист. Ҳамаи натоиҷи гаронмояи илмӣ ва комёбиҳоро аз даст додан мумкин ва ин ба мо ягон зараре ворид сохта наметавонад, то даме, ки усул ба дасти мост. Зеро мо бо ёрии он метавонем ҳамаи натиҷаҳои гумкардаамонро аз нав барқарор созем. Вале тарзи рондани андешаро гум намоем, ҳатто маҷмӯи бузургтарини ҳамаи далелҳои илмӣ ва натиҷаҳо наметавонад ба имдоди мо бирасад».
Дар нимаи дуюми асри 6 то милод дар шимоли шарқии Ҳиндустон (Непал) шоҳ Шуддҳодан ҳукм меронд: «Шоҳи қонунҳо, ӯ тавассути қонунҳо кишварашро бо адолат идора мекард. Дар қаламрави Шакев мисли ӯ шоҳи одил, раиятпарвар набуд»,-омадааст нисбати вай дар солномаҳо.
Завҷаи якуми шоҳ Шуддҳоданро барои зебоияш Майя — «шабаҳ», «фиреби назар» меномиданд. Соли 623-и то милод Майя писаре ба дунё овард, ки Сирватасиддхартха ном гирифт. Шакли кӯтоҳаш Сиддхартха ва он «дар ҳама чиз комил аст» маъно дошт. Модар пас аз ҳафт рӯзи таваллуди кӯдак ҷаҳонро падруд гуфт. Ҳангоми таваллуди шоҳзода обиде бо номи Асита пешгӯӣ намуд, ки навзод оянда ҳукмрони ҷаҳон мешавад, агар ҳаёти воқеии заминиро ихтиёр созад, агар тарқи дунё намояд, ба «ҳақиқати комил» — Буддо мубаддал мегардад.
Бача аз модар зебоиро ба мерос гирифт, ба омӯхтани дониш басо ҳарис буд. Падар як қисми мулкашро ба Сиддхартха бахшид, қитъаеро қалъабандӣ намуд, се қасри бошукӯҳ сохт, то ки писараш се фасли сол — тобистон, зимистон ва тирамоҳро он ҷо ба сар барад. Вақте ки Сиддхартха ба синни 16 расид, падар бароиш духтари ҳокими шакийи Сопрабуддӣ — Ясодхираи моҳлиқоро хостгор шуд. Барои ба висоли духтари қашанг муяссар гаштан, ба шоҳзода зарур омад, ки аз рӯи таомули ориёӣ бо дигар довталабони дасти Ясодхира ба майдони набард барояд. Ӯ дар камонварӣ, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намуди мусобиқаҳои варзишӣ бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё