Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баъдтар ба ғайри Ясодхира Сиддхартха боз ду зан ва якчанд канизак гирифт ва то 29-солагиаш бо кайфу сафо умр ба сар бурд. Сипас дар зиндагии шоҳзода тағйироти куллие ба амал омад. Ӯ беҳуда, муваққатӣ будани ҳаёти пур аз айшу нӯшро эҳсос кард. Вай дар хусуси кинаву адоват, ки дунёро фаро гирифтаанд, бадбахтии инсонҳо, бемории одамон, пирию марг андеша меронд, роҳҳои тантанаи некӣ бар бадиро меҷуст.

Ривоят мекунанд, ки шабе айёми бадр Сиддхартха тарки зану фарзанд намуда, худро ба сарҳади шоҳигарии Сакия мерасонад. Ӯ пироҳан бадар сохта, мӯйи сару риш тарошида, чун дарвеш роҳашро идома бахшид. Ин ҳолат дар тариқати буддо чун «пешравӣ»-и Сиддхартха шарҳ ёфтааст. Вай аз ҳаёти воқеии дунявӣ даст мекашад ва ба роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқат мебарояд.

Нахуст бо йога шуғл меварзад. Ин барои шикастани талаботи ҷисмонӣ ва рушди эҳсоси рӯҳӣ зарур буд. Андаке мехӯрду кам мехобид, шустушӯ намекард, тамоман урён мегашт. Ӯ бо номи обид Гаутама шуҳрат ёфт. Дар байни зоҳидон обрӯи баланд пайдо кард, шогирдону пайравони зиёд дошт. Шуҳраташ чун садои зангӯлаи зери гунбади само ба дуриҳо паҳн гашт.

Аммо баъди шаш сол Сиддхартха ба хулосае омад, ки бо ин роҳ ба ҳақиқат расидан аз эҳтимол дур аст. Вай аз нав ба тозагӣ, хӯрду хӯрок бозгашт. Шогирдону пайравонаш ӯро тарк карданд. Сиддхартха боз ба оворагардӣ рӯ меорад, муаллимо-ни нав ба нав меёбад, вале аз дониши онҳо ҳеҷ қонеъ намеша-вад. Баъдан дар самти ҷануби Магадҳӣ, дар канори шаҳри Гай, дар ҷангалзори шафати деҳаи Урувелӣ маъво меёбад. Боре дар зери сояи дарахти ҷамбуи соҳили дарёчае нишаста, анде-ша меронд. Ва Сиддхартха ба ин қарор омад: «Ман аз ҷоям нахоҳам бархост, то даме, ки маърифат нозил нагардад. Бигу-зор ҷисмам пажмурдаву хунам хушк шаванд, аммо то маъри-фат нагирам, аз ҷой намеҷунбам». Баъдтар ин дарахт бодҳӣ, яъне маърифат ном гирифт.

пешина
аз 424
навбатӣ