100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Чӣ тавре ки дар ривоятҳо омадааст, Сиддхартха тамоми шаб интизорӣ кашид ва танҳо ҳангоми бомдод ситорае аз осмон ҷаҳида, ба ӯ ваҳӣ овард. Ин ануттара самяк самбодхи- «беназирӣ, камолоти рӯҳӣ», озодӣ аз ҳама гуна қайдҳои ҳаёти заминӣ, таваллуд- марг -буд. Аммо мафҳуми ҳақиқии ин ҳолат ҳеҷ гоҳ бо сухан ифода наёфтааст ва ифода намеёбад. Зеро сухан ҳамоно қолаби ҳаёт буда, таассурот (таҷриба) обест, ки аз миёни он ҷорӣ мешавад.
Ҳамин тариқ Сиддхартха Буддо, яъне рӯҳонии мутлақ шуд. Номи дигараш Шакямунӣ-обиди Шакя аст. Ба шарофати ҳамин ҳодисаи бузургу нодир ба вай хирад ва тараҳҳум нозил гашт ва ӯ вазифаи масъули хешро дар замин дарк сохт, ки расонидани ҳақиқат ба одамон аст. Вақте ки ӯ бори нахуст дар шаҳри Варанасӣ дар назди мардум ваъз гуфт, ба ҳолаш хандиданд, ки «Шоҳзода аз ақл бегона шудааст».
Буддо аз ин сабақ гирифт ва мақсад гузошт, ки ягон файласуфи обрӯмандро бо шогирдонаш ба мазҳаби хеш талқин созад. Ӯ зоҳиди шинохта, оташпараст Кашяпро баргузид. Дурудароз, бо сабру таҳаммул Буддо Кашяпро ба дини худ кашид ва оқибат ба мақсад расид. Ҳамин тавр Буддо якбора сарвари шашсад нафар пайрав гашт ва акнун ӯ метавонист ҷасурона ақоиди хешро тарғибу ташвиқ намояд. Аз ҳамон вақт Буддо ҳаёти воизи мусофирро ихтиёр кард. Нӯҳ моҳ деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр гашта, ваъз мегуфт, дар се моҳи боронгарӣ ба гӯшаи узлат менишаст.
Боре Буддо хабар ёфт, ки падараш дар дами марг аст. Зуд расид, қиблагоҳашро зинда дарёфт, ба ӯ аз бебақоии ҳаёт ҳарф зад. Вақте ки падар аз дунё гузашт, то охири маъракаи видоъ ҳозир истод. Чун ҷасади шоҳро ба сӯхтан омода сохтанд, оташчӯбро шахсан Сиддхартха ба ғарами ҳезум расонд ва баъди маросим гуфт: «Ҳеҷ чиз дар замин ҷовид нест, ягон чизи абадӣ нест, ҳаёт чун шабаҳ, ба мисоли фиреби назар гузарон аст». Ва ӯ боз сайри кишварро идома бахшид. Пайравонаш афзуданд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё