100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ва онҳо берун аз шаҳрҳо дайрҳо сохта, зану мардҳо алоҳида мезистанд. Дайрро вихара, ҷамоати мардонро биккху, занонаро биккхунӣ меномиданд.
Буддо наздики соли 543 то милод, дар синни пирӣ, дар як ҷангалзори наздикии шаҳри Кушинагара оламро падруд гуфт. Пеш аз вафот чун анъанаи ҳиндуҳо сар сӯи шимол хобид, бори дигар ба бародар, рафиқ ва шогирдаш Ананду васият намуд, ки таълимоти ӯро ҷиддӣ нигоҳ доранд ва аз пайи тарғибаш шаванд. Буддо гуфт: «Андӯҳгин мабош, гиря накун. Охир борҳо гуфтаам, ки мо аз ҳама чизҳои гаронбаҳои дунявӣ канда шудаем. Ту, Ананда, солҳо содиқона, шодона, беғараз, аз таҳти дил хизматам кардӣ. Ҳама кор аз дастат меояд, аз омӯхтан фориғ мабош. Анқариб ба ҳақиқат мерасӣ, озод мешавӣ».
Баъди 300 сол ҳангоми ҳукмронии Ашок ақидаҳои динии Буддо бо амри шоҳ дар варақҳои нахл сабт ёфтанд. Таълимоти Буддо дар се китоб бо номи «Типитака» (се сабад)— Сутра, Виная ва Абхидхамма-питака гирд омадаанд.
Аз рӯи таълимоти Буддо барои ба камолоти олами ботинӣ расидан, одам бояд чор зинаи баланди ҳақиқатро бигзарад, яъне ҳақиқати машаққат; ҳақиқати сабабҳои ба миён омадани машаққат; ҳақиқати бартараф сохтани машаққат ва ҳақиқати роҳе, ки ба сӯи барҳамзании машаққат ҳидоят месозад. Ба зинаи болотарин танҳо шахсе мерасад, ки куллан тарки хушиҳои дунё кардааст. Дигарҳо дар зинаи поёнӣ — анагамина, зинаи болоӣ — архат мемонанд. Аз ин зинаҳо ҳаёти ояндаи ҳар як инсон баъди марг муайян мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё