100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
беандоза дошт ва номи ӯ онҳоро ба ҳар гуна қаҳрамонӣ илҳом мебахшид. Тавассути сиёсати Сталин лагери давлатҳои сотсиалистӣ ба миён омад. Моҳи августи соли 1949 бомбаи атомии ИҶШС аз санҷиш гузашт. Моҳи октябри соли 1952 анҷумани XIX КПСС барпо гашт, ки даҳ рӯз идома ёфт. Сталин танҳо нутқи хотимавӣ кард. Ӯ аллакай мариз буд. Аз бемории гипертония (ғалаёни хун) азоб мекашид. Атеросклерози рагҳои майнаи сараш шиддат меёфт.
... Дар шаби 2 марти соли 1953 кафидани раги хуни майнаи сар рӯй дод. 3 март ӯро дар боғи истироҳатиаш рӯйи фарш беҳуш ёфтанд. Ҷонканиаш чор рӯз давом кард. Субҳи 5 март Сталин аз олам даргузашт.
Ба маргаш кулли халқ сидқан гирист, қатъи назар аз ҳар гунагиҳо мардум ҳукмрони мустабиди худро дӯст медошт. Ин хориқа равšanu фаҳмост. Чӣ хеле ки нависандаи рус М. Шолохов гуфтааст: «...шахспарастӣ буд, аммо шахсият ҳам буд».
Искандари Мақдунӣ
(Солҳои зиндагиаш
356-323 то милод)
Шахсияти Александри Македонӣ чӣ дар байни халқиятҳои Аврупо ва чӣ дар байни кишварҳои Шарқ беҳад машҳур буд.
Дар Аврупо Александри III-ро Кабир ва бештар Александри Македонӣ ном мегирифтанд. Дар Шарқ бошад, ӯ бо унвони Искандари Зулқарнайн, ки тарҷумааш Искандари Душоха аст, маъмул аст. Вай ҳангоми зинда будан ва ҳам пас аз маргаш тасаввуроти ҳамзамонон ва наслҳои минбаъдаро ба ҳайрат андохтааст. Аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл дар бораи юришҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё