Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

зиёии чапгаро Сартр ва ошиқи ҷавоне тасвир намудааст. Умуман бештари хати сюжет аз ҳаёти шахсии нависанда гирифта шудааст. Асарҳои дигари Симона: «Банда — миранда», «Хуни дигарон» ва «Мандаринҳо» низ ҷузъҳои тарҷумаиҳолӣ доранд.
Масалан, дар «Мандаринҳо» ишқварзии ӯ бо новелланависи америкой Нелсон Алгерон тасвир ёфтааст. Симои Сартр, Алберт Камю ва дигар нависандагони франсузи экзистенциалистро бе душворӣ аз роман дидан мумкин аст. Барои повести «Мандаринҳо» соли 1954 Симона бо ҷоизаи Прикс Конкорт сарфароз гардид. Асари дигари Бовуар «Зани бар бод рафта» се ҳикояи хурдро дар хусуси се зан, ки пурра ба тақдир тан додааст, муттаҳид менамояд.

Вале ҷаҳон Бовуарро ба шарофати асари фалсафияш «Ҷинси латиф» (ба маънои «ҷинси дуюм») шинохт. Симона дар китоби мазкур чунин навиштааст: «Одам таваллуд намешавад, балки аниқтараш ба зан табдил меёбад. На тақдири биологӣ, на физиологӣ ва на иқтисодӣ нақши занро, ки дар ҷомеа мебозад, муайян карда наметавонад; ин нақшро комилан тамаддун муайян менамояд, тамаддуне, ки ин махлуқ, махлуқи байни мард ва хоҷасарой (евнух)-ро офаридаасту зан меномандаш».

Ин асар дар байни хонандагон шӯру валвала ва ҳангомаи зиёд эҷод кард ва ҳам аз ҷониби мунаққидон сахт танқид шуд.
Баъзе муқарризон мегуфтанд, ки нуқтаи назари Бовуар обрӯи занро мерезонад. Вале феминистҳо дар симои нависанда ҷонибдори худро диданд. Бисёр проблемаҳое, ки дар асар баён ёфтаанд, имрӯз низ актуалианд.

пешина
аз 424
навбатӣ