100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
дар авҷи андӯҳу надомат. Агар касе аз ман мепурсид, ки чӣ гуна аз қаъри яъсу ноумедӣ зинда баромайд, метавонистам посух бидиҳам: аз ғам фоҷиа офаридам».
Дар синни 36-солагӣ Леся бо дӯсти ягонааш, шарики ғамбарораш Климент Квитка вохӯрд. Баъд онҳо бо ҳам издивоҷ карданд. Маризиаш авҷ кард, дар Италия, Миср, Олмону Австрия табобат гирифт, вале сиҳатиаш барқарор нагашт. Аммо чи қадаре, ки азоби ҷисмонӣ кашад, ҳамон андоза бештар менавишт. Дар ин байн драмааш «Суруди ҷангал», достони «Адвокат Мартиан», драмаи калонҳаҷми «Хӯҷаини сангин ё Дон Жуан» аз чоп баромаданд.
Леся дар Сурамӣ аз дунё чашм пӯшид ва дар Киев ба хок супурда шуд. Драмаҳояш саҳнаҳои бисёр театрҳои кишварҳоро зеб додаанд. Дар Кливленди Канада, ки украинҳо бисёр иқомат доранд, ҳайкали Леся Украинка қад афрохтааст.
СИМОНА де
БОВУАР
(1908-1986)
Нависандаи франсуз. Завҷаи Жан-Пол Сартр. Муаллифи романҳои «Меҳмон» (1943), «Мандаринҳо» (1954), китобҳои «Ҷинси латиф» (1949), повести «Суратҳои зебо» (1966), қиссаи сегонаи тарҷумаиҳолӣ (1958-1963) ва дигар асарҳо. Дар рушди озодии занҳо ва ҳаракати баробарии бонувон бо мардҳо хизмати шоён намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор