Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шуд, ӯро дарди пои рост беҳад ранҷ медод. Табибон муқаррар намуданд, ки касалиаш аз тарбод аст. Аммо дармони табибон ба дардаш намехӯрд. Дар воқеъ ин оғози ҳамон даврае буд, ки худи Леся онро шӯхиомез «набарди сисола бо бемории сили устухон» номид. Аз ҳамон рӯз дар хонаи чашмони ӯ андӯҳ ҷой гирифт ва шеърҳояш баёнгари ғаму ғусса шуданд. Пас аз ҷарроҳии нахустин як дасташ маъюб шуд ва Леся бо мусиқӣ абадӣ видоъ кард. Падару модар ва хешу табор Лесяро ба табибони хориҷӣ ҳам нишон доданд, аммо аз дасти онҳо низ чизе наомад. Моҳҳо Леся дар бистари беморӣ мехобид ва ҳамдами ягонааш китоб буд. Меҳраш ба адабиёт, ба назм меафзуд.

Соли 1885 дар маҷаллаи «Зоря» «Сафо» ном шеъраш ба табъ расид. Шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон ӯро водор сохт, ки ба тарҷума машғул шавад. Вай рӯйхати 70 нафар шоири хориҷиро тартиб дод ва бо гурӯҳи эҷодӣ намунаи ашъори бештари онҳоро ба украинӣ гардонд.

Соли 1893 дар шаҳри Львов нахустин маҷмӯаи шеърҳои Леся Украинка бо унвони «Дар болҳои суруд» нашр шуд. Хонаи онҳо ба ин муносибат ҷашнҳоро мемонд. Махсусан падараш, инсони наҷиб, меҳрубон, беозор, хеле шод буд. Вале муносибати шоира бо модар тезутунд мешуд. Олга Петровна духтарашро аз сӯҳбат бо мардон эҳтиёт мекард, намехост, ки Леся ба яке аз онҳо дил бандаду баъд азоби рӯҳӣ кашад. Масалан Мержинский Лесяро дӯст дошт, аммо ба издивоҷи онҳо модар зид баромад, зеро ҷавонмард низ мариз буд.

Шоира марги Мержинскийро бо азоби зиёди рӯҳӣ таҳаммул мекард ва дар шаби марги дӯстдоштааш достони «Савдозада»-ро эҷод намуд. Достон шӯҳрати беандоза ёфт ва худи Леся онро кори муваффақ номид.

«Қоил мешавам, дар чунон шабе навиштам, ки бояд мемурдам, аммо зинда мондам ва баъди он, дар ҳақиқат, зиёд
умр мебинам, агар ҳамон вақт намурдам. Ва шеър мегуфтам,

пешина
аз 424
навбатӣ