100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ба ҳуҷҷатҳо имзо мегузорам, Алберт бошад бо обчинак варақҳоро хушк мекунад» навишта буд Малика дар ёддоштҳояш. Аммо, вақте ки Малика дар интихоботи сарвазир ба яке аз ҳизбҳо 15 ҳазор фунт стерлинг кӯмак расонд, Алберт гуфт: «Монархия бояд дар интихобот бетараф бошад». Бо далолати шавҳараш Виктория бо роҳи оҳан сафар мекард. Ва ин боиси рушд кардани саноати роҳи оҳан шуд. «Аз ҳар чиз бояд пул кор кард, бо кадом тарз буданаш фарқ надорад», - мегуфт Алберт ба Виктория. Англия бо суръат аз кишвари аграрӣ ба мамлакати саноатӣ мубаддал мегашт.
Дар тӯли бист сол Малика нӯҳ фарзанд ба дунё овард. Бадбахтӣ соли 1861 рӯй дод. Ногаҳон Алберт аз дунё даргузашт. Виктория ба баҳри ғаму андӯҳ, яъсу ноумедиҳо ғӯтид, аммо касе ашки ӯро намедид.
Давраи гулгулшукуфии салтанати ӯ ба миёнаи солҳои 1870 рост омад. Сарвазир Бенҷамин Дизраэл ба Англия канали Суэц ва Ҳиндустонро бахшид. Набераи дӯстдоштааш Алиса буд ва бибии меҳрубон ӯро бо шоҳи Русия Николайи II хонадор кард. Аммо бибӣ намедонист, ки ояндаи наберааш Маликаи Русия Александра Фёдоровна чи гуна анҷом меёбад. Соли 1918 вай бо шавҳару аҳли оилааш дар Екатеринбург ба қатл мерасад. Вале инро Виктория пешбинӣ карда натавонист.
ЛЕСЯ УКРАИНКА
(1871-1913)
Адибаи украин. Ному насаби ҳақиқиаш Лариса Петровна Косач - Квитка. Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои лирикию фалсафӣ, достону драмаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор