Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

МАЛИКА
ВИКТОРИЯ

(1819-1901)

Маликаи Британияи Кабир аз соли 1837, охирин намояндаи сулолаи Ганноверҳо.

Дар таърих ба мисли ӯ кам ҳукмрононе ёфт мешаванд, ки дар сари давлат ин қадар зиёд истода бошанд. Александрия Виктория (номаш ба шарафи шоҳи Рус Александри I гузошта шудааст) аз 82 соли умраш 64 солашро дар сари қудрат сипарӣ намудааст. Ҳарчанд дар Британияи Кабири асри XIX шоҳ ҳокими мутлақ набуду кишварро сарвазир идора мекард, малика Виктория тавонист дарбори ба хуну ифлосиҳо, ғайбату суиқасдҳо ғӯтидаро аз доми бало раҳоӣ бахшида, обрӯю эътибор ва манзалати шоҳонро баланд бардорад.

Шоҳ Георги III соҳиби шаш духтару шаш писар буд. Аммо ягон нафари онҳо хоҳиши издивоҷ кардан надошт. Чун масъалаи валиаҳд ба миён омад, се писари кайҳо ба миёнсолӣ расида зан гирифтанд ва ба рӯи яке аз онҳо ҳерсоги Кент бахт хандид. Вай духтарчадор шуд. Виктория то 12-солагиаш намедонист, ки шоҳдухтар аст. Чун ба ӯ гуфтанд, ки баъди шоҳ Георги III, маликаи Англия мешавад, вай бо назокат ҷавоб дод: «Ман хубӣ мекунам».

Малика Виктория соли 1840 бо шоҳзода Алберт, намояндаи сулолаи Саксен Кобургск издивоҷ намуд. Домод чеҳраи зебо, қаду қомати расо дошт, мусиқиро дӯст медошт, техникаро мефаҳмид, шамшербозӣ мекард ва аз пайи занҳо намегашт.

Дар дафтари кори малика Виктория барои Алберт мизу
курсӣ монданд. «Ман номаҳоро мехонам, мактубҳо менависам,

пешина
аз 424
навбатӣ