100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
пешвои мулҳидон (аҳли бидъат ҳам мегуфтанд онҳоро ислоҳотгарон), низ дар хонаи ӯ макон ёфт. Рӯзи дароз Феодосия дарвешҳо, роҳибони аз дайрҳо рондашудаю азиятдидаро пешвоз мегирифт, ҷойи хобу ғизо медод.
Морозова, ки бо завҷаи шоҳ, малика Мария дугонай наздик буд, ба ӯ талқин мекард, ки шоҳ ислоҳгарони дину оину мазҳабро ҷонибдорӣ накунад. Вале шоҳ ба гапи завҷаашу Морозова гӯш намеандохт ва дар фаъолияти калисову дайрҳо ислоҳотро васеъ амалӣ менамуд.
Дар соли 1669 малика оламро падруд гуфт. Соли 1671 шоҳ бори дуюм зан гирифт. Дар ҷашни домодии шоҳ Морозова иштирок накард, аз ин шоҳ ба хашм омад.
Бо амри шоҳ шаби 14 ноябри соли 1671 Морозоваи гарданшахро ба дайри мӯъҷизаҳо оварданд, то ки ба расму русӯми нав тоату ибодат намояд. Вале ӯ ин пешниҳодро рад намуд. Ҳарчанд азоби ҷисмонӣ доданд, аз раъяш нагашт. Морозоваро ба дайри Печерск оварда, ба зиндон андохтанд. Дар ин байн писари ягонааш, ки басо дӯсташ медошт, мурд. Бадбахтӣ болои бадбахтӣ зам гашт.
Дар зиндон Морозова аз гуруснагиву ташнагӣ ба ҳалокат расид. Пеш аз он ки ҷон ба ҷонофарин таслим намояд, аз зиндонбон хоҳиш кард, ки пироҳанашро дар оби ҷӯй бишӯянд, то ки бо пироҳани тоза ба он дунё биравад.
Ҳамин тавр авлоди муқтадири Морозовҳо аз байн гум шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор