Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

оқил тасвир намудааст. Бо кадом сабаб шӯҳрати Морозова аз аср ба асрҳо гузашта, то ба замони мо расидааст? Чаро аз байни ҳазорҳо нафар ситамдидаҳои роҳи дину мазҳаб ҳамин зан тимсоли мубориза қарор гирифт?

Дар расми кашидаи Суриков боярзан ба тӯдаи сокинони Маскав, ба одамони одӣ – ба дарвеши чӯббадаст, ба кампири бенаво, ба масълук ва ба ҳамаи онҳое, ки дар воқеъ қишри муборизони зидди ҳамаи навоварӣ дар дину мазҳаб буданд, муроҷиат менамояд. Вале Морозова саркаши қаторӣ набуд. Дайри мӯъҷизаҳо, ки он ҷо боярзанро мебурданд, дар Кремл буд. Маълум нест, ки шоҳ Алексей Михайлович Романов аз тирезаи қаср медид ё не, ки чӣ гуна халқ Морозоваи дӯстдорашро гусел мекунад. Аммо як чиз аниқ аст: шоҳ ҳамеша дар хаёли Морозова буд ва аз ин бисёр ғам мехӯрд. Авлоди Морозовҳо ба мисли Романовҳо ба тоҷу тахти Русия ҳақ дошт. Аммо ситораи бахти Романовҳо дурахшид.

Бародарон Борис ва Глеб Морозовҳо аз тарафи падар ба шоҳ Михаил хешӣ доштанд ва дар ҷавонӣ дар хонаи хоби ӯ хизмат мекарданд, ки аз вазифаҳои олӣ ба ҳисоб мерафт. Вақте ки Алексей ба тахт нишаст, Борис Морозов мушовири ӯ буд. Маҳз вай барои шоҳ Мария Илинична Милославскаяро арӯс интихоб кард ва дар ҷашни домодии шоҳ дар курсии падар нишаст. Баъди даҳ рӯз Бориси бева бо хоҳари малика Анна издивоҷ намуд ва бо шоҳ боҷа шуд. Агар дар он замон боярҳо то сесад хоҷагии деҳқонӣ дошта бошанд, аз Морозовҳо ба ҳафт ҳазор хоҷагӣ мерасид. Глеб Морозов ба Феодосия Соковнина, ки дугонаи малика буд, хонадор шуд. Борис мурду аз худ ворисе нагузошт. Тамоми сарваташ ба Глеб гузашт. Вале ӯ низ аз дунё чашм пӯшиду писараш Иван Глебович Морозов сарватманд гардид. Феодосия Прокопевна баъди марги шавҳар дигар издивоҷ накард. Хонааш ба ҷойи ҷамъомади оппозитсияи навоварон, ислоҳотхоҳони дину мазҳаб ва тағйир додани навиштаҷоти китобҳои динӣ табдил ёфт. Протопоп Аввакум,

пешина
аз 424
навбатӣ