Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

БОЯРЗАН
МОРОЗОВА

(1632-1675)

Аҳли мулҳид. Бо Аввакум, пешвои мулҳидон, протопоп дар робита буд ва ба аҳли оилаи ӯ ёрӣ мерасонд. Новобаста аз азобу шиканҷа дар мазҳабаш устувор истод.
Соли 1671 маҳбус шуд ва дар зиндони Боровск аз гуруснагиву ташнагӣ фавтид. В.И.Суриков сурати ин бонуи муборизро офаридааст.

Симои боярзан Морозова дар хотираи миллат тавассути расми дӯстдоштаи халқ, ки ба мӯқалами В.Суриков мутааллиқ аст, нақш бастааст. Ҳанӯз нависанда В.Гаршин, сад сол пеш аз ин манзараи кашидаи рассомро дар намоишгоҳ дида, пешгӯӣ карда буд, ки ояндагон чеҳраи Феодосия Прокопевнаро ба сони ҳамин расм тасаввур хоҳанд намуд. Беғараз, холисона баҳо додан ба ҳамзамонон душвор аст, аммо мо мефаҳмем, Гаршин дар ҳақиқат дуруст пешгӯӣ намудааст. Бисёре аз шаҳрвандони мо боярзан Морозоваро ҷиддӣ, солдида тасаввур мекунанд, чи тавре ки рассом кашидааст. Чӣ илоҷ? Суриков таърихро хуб медонист ва зидди ҳақиқат нарафт, баъзе ҷузъиёти тахайюлотӣ барои умумигардонии тимсол зарур буд.

Феодосия Прокопевна пир набуд, як ба соли мавлудаш
назар афканед. Ӯро вақте ки ба зиндон партофтанд, ҳанӯз
чил сол надошт. Аммо рассом чеҳраи боярзани муборизро
бо ду ангушти ба само бардоштааш дар сафи аввали одамони зиёд умрдида, ҷаҳоншинохта, гармию сардиро чашида ва

пешина
аз 424
навбатӣ