100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
табиб расиданд ва ӯро ба ҳуш оварданд. Анҷоми қисса аён аст, табиб ва Голубева бо ҳам издивоҷ намуданд, зиндагии онҳо хуш гузашт, аз чизе камӣ надоштанд.
Дар нимаи асри XVIII Ксения яке аз шахсиятҳои маъруфи Петербург буд. Дороён ба ӯ аз сарулибос сар карда, то пулу хӯрокиҳо тӯҳфа менамуданд. Ксения ҳамаро ба мардум тақсим мекард. Худаш баъди кӯҳнаю чиғел шудани сарулибоси шавҳараш танҳо пироҳани доманаш сурху болояш сабз ё баръакс мепӯшид. Чаро вай ранги сурху сабзро интихоб намуд, ба мо ноаён аст. Шояд аз арш чунин амр гирифта бошад. Зеро ранги сурх ин ранги хуни Исо аст, ки ӯ баҳри наҷоти мардум худро қурбон кард, ранги сабз бошад нишони умеду боварист.
Ксенияи валӣ дар охири асри XVIII ва оғози асри XIX дар синни 72-солагӣ фавтид. Вақте ки шоҳзода Александри III бемори домана шуду беҳуш мехобид, завҷааш аз рӯи қабри Ксения як каф хок оварда зери болинаш гузошт. Шаб завҷаи шоҳзода нимхобу нимбедор дар пеши назар занеро бо либоси аҷоиб дид, ки мегуфт: «Шавҳарат сиҳат мешавад, тифле, ки дар батн дорӣ, духтар аст, номашро Ксения мемонӣ ва ӯ хонадони шуморо аз ҳар бало эмин хоҳад дошт». Ҳамин тавр дар оилаи шоҳ ҳамноми валӣ пайдо шуд.
Мардум ба авлиёгии Ксения сахт бовар мекард, хоки рӯи қабрашро чанд дафъа кам-кам кашонда бурданд, баъд рӯи қабрро аз мармар карданд, аммо эътиқодмандон сангро низ шикаста бо худ мегирифтанд. Моҳи июни соли 1988 калисои Русия ӯро ба сифати валӣ пазируфт ва ҳар сол 6 феврал ёдбуди Ксенияи авлиё қайд карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор