100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Вақте ки духтараки навраси бенаво Параша соҳиби хонаи Ксения шуд, аз вай пурсид, ки ӯ минбаъд дар куҷо хоб меравад ва чӣ мехӯрад? Ксения чунин гуфт: «Парвардигор ба мурғони ҳаво ризқ офаридааст, ман аз онҳо чӣ камӣ дорам? Бигзор ба хости Худо бошад».
Баъди тақсими молу мулк Ксения рӯ ба зиндагии дарвеҳона овард. Вай дар либоси мардона дар тамоми фасли сол дар кӯчаҳои Петербург мегашт. Касе намедонист, ки дар куҷо мехобад. Ба ҳар ҳол баъди чанде одамон кашф карданд, ки вай новобаста аз фасли сол то баромадани офтоб дар саҳро ба ибодат машғул мешудааст ва ба чор тарафи дунё сар хам мекардааст.
Дар Русия он замон ба ашхоси монанд ба Ксения ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, онҳоро дӯстдору наздики Худо ва миёнарави Худою бандагонаш медонистанд. Аз ин рӯ касе озори ӯро раво намедид, ба суханонаш сахт бовар доштанду авлиё мехонданд. Боре ӯ назди Параша омада гуфт: «Ана, ту беғам нишастаӣ ва ҷуроб мебофӣ, вале намедонӣ, ки Худо ба ту писар фиристод. Зуд ба қабристони назди дарвозаи Смоленск бирав!» Параша медонист, ки бесабаб Ксения сухане ба забон намеорад, давид ба ҷойи гуфтаи ӯ. Дар назди дарвоза мардум тӯда шуда буд. Фойтунчии маст бо чархи аробааш зани ҳомилаеро задааст, зан баъди таваллуд мурдааст. Ҳамин тавр Параша соҳиби писар шуд.
Ксения рӯзе ба хонаи Голубевҳо меояду ба духтари онҳо мегӯяд: «Ҳой зебояк, ту ин ҷо қаҳва менӯшӣ, шавҳарат бошад завҷаашро дар Охта гӯр мекунад. Тез он ҷо дав». Чӣ хел аз ин суханҳо шарми духтарак наояд. Дар ҳоле ки шавҳар як сӯ истод, духтарак ҳатто домодшаванда надошт. Вале Голубевҳо ба гапи Ксения писханд назаданд, балки ба сӯи қабристон давиданд. Ва хуб ҳам карданд, зеро ки табиби ҷавоне ҳамон вақт завҷаи вақти таваллуд фавтидаашро гӯронида, аз ғояти дарду алам рӯи қабр беҳуш мехобид. Модару духтар ба сарвақти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор