Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

маро Евсевия нею Ксения ном баред, зеро дар ин ҷо манзили муқимӣ надорам ва дар ин дунё ҳамроҳи шумоён ҷаҳонгардӣ мекунам, ояндаро меҷӯям». Ҳамин гуна «қаландар» буд дар ин дунё Ксенияи валии петербургӣ, ки баҳри ишқ, баҳри хотираи поки шавҳари ҷавонмаргаш корнамоиҳо, ҷонфидоиҳо, азхудгузаштанҳо нишон додааст.

Мутаассифона, ягон ҳуҷҷат ё шаҳодатнома дар хусуси рӯз, моҳ ва ҳатто соли таваллуди Ксения Григорьевна Петрова то ба мо нарасидааст. Танҳо ҳаминаш аён аст, ки вай аз хонадони ашхоси баобрӯ буда, то синни 26-солагиаш ҳамроҳи шавҳараш, полковники дастаи ҳунарии шоҳ Андрей Фёдорович Петров ҳаёт ба сар мебурдааст. Дар он замон вазифаи сарояндаи дастаи ҳунарии дарбор хеле масъул ба ҳисоб мерафт ва ба он ҷавонони хушовози хушқаду қомат ва зебо қабул мешуданд.

Зиндагии онҳо ором сипарӣ мегашт. Таърихи аҷкоибу дилхароши ин бону баъди марги ногаҳонии шавҳараш ба вуқӯъ мепайвандад. Марги Андрей, ин ҷавони солиму бардам, мафкураи беваи 26-соларо куллан дигар сохту ғаму андӯҳи зан аз он дучанд мегашт, ки шавҳараш бе иқрори гуноҳҳо, тавбаю тазаррӯъ ва дуохониҳо фавтиду гуноҳҳояшро бо худ ба он дунё бурд.

Марги шавҳари дилбанд нуқтаи назари Ксенияро нисбати олами ҳақиқии атроф дигар кард. Вай ба кори вазнине даст зад, ки қаҳрамонӣ буд, ӯ ба андеша афтод, ки зиндагии заминии одами дӯстдоштаашро баҳри озодии вай дар осмон идома диҳад.

Ксения аз номаш, аз шахсияташ даст кашид, ҷинсашро низ бо пӯшидани сарулибоси шавҳараш тағйир дод ва ҳамаро бовар кунондагӣ мешуд, ки Андрей намурдааст, вай зиндааст, танҳо руҳаш ба ҷисми ӯ ворид шудааст.

Вай барои ба мақсад расидан аз ҳамаи бойигариаш дурӣ ҷуст, ҳамаро ройгон ба бенавоён тақсим кард. Зеро боигарию фароғати заминӣ барои ба мақсади ниҳоӣ расидану ба ҳақиқати олӣ ноил гаштан монеъ мешуданд.

пешина
аз 424
навбатӣ