Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

соҳиби тоҷ шуданаш ёрӣ расонда буд, бо макру ҳиял ба дасти ҷосусон кушта, ба ҷояш Фёдор Шакловити зеборо таъин кард.

София аз ошиқаш Василий Галитсин рӯй гардонду худро ба оғӯши Шакловито партофт. Ҳамин боис гардиду бисёр бояру князҳо аз вай рӯй гардонда, ҳавохоҳи Пётр шуданд.

Суиқасде, ки малика София бар зидди Пётр пеш гирифт, ноком анҷом пазируфт. Русия мехост ба тахт марди мардон соҳиб гардад. Аз ин рӯ таваҷҷӯҳи ҳама ба ҷониби Пётр буд. София дид, ки дар дарбор танҳо мондааст, бо мақсади сулҳ бастан ба назди Пётр омад, вале маликаро ба назди шоҳи ҷавон роҳ надоданд. Малика аз тахт даст кашид ва дар дайри Ново-девич паноҳ бурд. Ӯро дигар касе наҷуст. Соли 1698 ҷонибдорони боқимондааш сар бардоштанд, аммо онҳоро Пётрӣ якум сахтакак кӯфт ва 195 нафарро дор кашид. Се нафари сарбадор дар пешорӯи тирезаи ҳуҷраи София, ки номи инокина Сусаннаро гирифта буд, панҷ моҳ овезон истод ва бӯи бади ҷасади онҳо ба машоми собиқ шоҳбонуи Русия зада меистод.

Русия ба давраи нав – давраи Пётрӣ Кабир қадам мениҳод.

КСЕНИЯИ ВАЛӢ

Маънои номи Ксения «бегона» ё «дарвеш» аст. Дар кадом як замони қадим бонуи сарватманди римӣ Евсевия бо мақсади хизмати комил ба Парвардигор, пинҳонӣ аз хона баромада рафтааст, то ки роҳиб шавад. Ба дугонаҳояш гуфтааст: «Шумо медонед, ки ман мусофирам, аз баҳри хонаю волидайн гузаштаам ба ҳақи Худо. Аз ин рӯз иборат шумоён низ

пешина
аз 424
навбатӣ