100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
гуфт. София аввал хеле маҳзун шуд, аммо баъд дарёфт, ки ба машомаш бӯи озодӣ мерасад. Ба сари давлат Фёдор омад, ки аз София се сол хурд буд. Аз ин рӯ оҳиста-оҳиста дар ҳалли масъалаҳо ба ҷои шоҳ ақидаҳояшро баён менамуд ва ба дарбориён гуфтан мехост, ки ҳукмрон ӯ аст. Бисёрӣҳо фаҳмиданд, ки Фёдор шоҳ бошад ҳам, лаҷоми идораи давлат ба дасти София мебошад.
Дар солҳои охири зиндагии шоҳи марҳум Алексей Михайлович ҷонибдорони завҷаи дуюми ӯ Наталия Наришкина хеле нуфуз пайдо намуда буд. Ва писари Наталия шоҳзода Пётр ҳам баъди бародарон Фёдору Иван валиаҳди тоҷу тахти Русия ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ София барои нерӯ бахшидани вазъи худ дар дарбор ҳомӣ ва тарафдорони содиқ меҷуст ва дар охир дар симои боярин Василий Голисин чунин шахсро ёфт.
27 апрели соли 1682, соати 4-и нисфирӯзӣ халқ гурӯҳ-гурӯҳ барои видоъ бо шоҳ Фёдор ба Кремл меомад. Барои София лаҳзаи ҳалкунанда фаро расид. Ҷонибдорони Наталия низ дар хоби ғафлат намонданд. Патриарх Иоаким дар ҷаласаи Думаи давлатӣ иброз дошт, ки шоҳзода Иван ба фоидаи бародараш Пётр аз тахту тоҷ даст кашид.
Патриарх таъҷилан ба қароргоҳи Наталия Кирилловна омад ва ба шоҳи ҷавон Пётр дуо дод. Бо ин тамоми қалъаи орзуҳои София аз ҳам рехт, фурӯ рафт, ба замин яксон шуд. София қарор кард, ки то охир баҳри ҳукумат мубориза барад.
Ҷузъи асосию муҳими артиши асри XVIII-и Рус тирандозон буданд. София хост дар моҷарои тахту тоҷхоҳӣ аз онҳо фоида барад. Вай бо ёрии чанде аз боярҳо овоза паҳн намуд, ки гӯё шоҳзода Иванро кушта бошанд. Тирандозон ошӯб бардошта ба Кремл зада даромаданд. Наталия Кирилловна Ивани шонздаҳсолаи мариз ва аз тарс ларзон ва Пётри оромро ба анбӯҳи сарбозон нишон дод. Аммо ошӯбро хомӯш намудан осон набуд. София то ба балоғат расидани шоҳзодаҳо ба тахт нишаст. Баъдтар малика сардори тирандозон княз Хованскийро, ки барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор