100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
МАЛИКА СОФИЯ
(1657-1704)
Маликаи Русия, ҳукмрони давлати Рус дар солҳои 1682-1689 ҳангоми салтанати ду додари хурдсолаш Ивани V ва Пётри I. Ба тахти шоҳӣ бо ёрии В.В.Голисин нишаст ва аз тарафи Пётри I сарнагун ва дар дайри Новодевичий маҳбус гардид.
Гоҳо чунин мешавад, ки тақдир бо шахсиятҳои бузург бозӣ мекунад. Малика София метавонист ҳукмрони муқтадир гардад ва ба монандӣ Екатеринаи II оламшумул шавад. Аммо сарнавишт ба вай заҳрханда зад, ӯ ба дунё сари вақт наомад ва таърих аллакай ба ҳарифони ӯ имкониятҳо фароҳам меовард ва бо суръати том ба ҳукумати ислоҳотгари бузург Пётри Кабир роҳ мекушод. София аллакай ба мағлубият маҳкум шуда буд.
Аз овони кӯдакӣ тақдир ӯро масхара мекард, ваъдаҳо медод ва ба қабули қарорҳои қатъӣ водор месохт ва ахиран мефиребид. София бармаҳал аз модар маҳрум гашт. Дар байни ҳашт хоҳару чор бародар аз ҳама боақл, солим ва чаққону кунҷков ба назар мерасид. София зуд хондану навиштанро ёд гирифт, бисёр мехонд, ҳатто шеър мегуфт ва омӯзгори валиаҳд Фёдор Симлон Полотскийи машҳур аз хониши ӯ хеле қонеъ буд. Вале падараш шоҳ Алексей Михайлович бе ягон хушҳолӣ зикр менамуд, ки савод ба ҷинси зан чӣ зарурате дорад? Ва чаро Парвардигор ақли ӯро ба писараш, валиаҳд надод? Тахтро ба кӣ вогузорад?
Бо ҳамин андешаҳо Алексей Михайлович ногаҳон, мариз нашуда ва рӯзе дар бистари беморӣ нахобида оламро падруд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор