100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ғаши занро аланг мезад. Ба ин минвол таърихи муҳаббати онҳо хотима ёфт.
Ҷудоӣ аз Жюл ба адабиёт яке аз романҳои аҷоибро дар соҳаи ишқи озоди заминӣ бахшид. Жорж Санд романи «Лелия»-ро аз чоп баровард. Ин асар ҳоло ҳам, ки тамоми асрори ишқварзӣ кушоду равшан аст, хонандаро ба ваҷд меорад, лаззат мебахшад. Жорж Санд дар ишқварзӣ ҳам беҳамто буд. Як худи номгӯйи ошиқонаш чанд саҳифаро пур мекард. Ишқварзиаш бо Шопен, оҳангсози маъруфи лаҳистонӣ, чи қадар гапу калочаҳоро ба бор овард. Шопен ҷавони лоғари бемор буду Жорж Санд ӯро баробари духтаронаш модарвор тарбия мекард, ба табибҳо нишон медод, доруҳо мехарид, бароиш шароити эҷод муҳайё месохт. Кӣ медонад, агар дасти имдоди Жорж намебуд, оё Шопен дар тӯли умри кӯтоҳи худ ин қадар оҳанг меофарид, ё ба ҳамин синну сол ҳам мерасид?
Онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, аммо сабаб барҳам хӯрдани меҳр набуд, шароит аз онҳо дида зӯртар баромад. Шопен аз Ноан рафт, барои он ки фарзандони баркамолшудаи Аврора ҳаминро мехостанд. Шопен гумон дошт, ки боз бармегардад, аммо духтари калонии Аврора Соланж ва шогирди Шопен Мари де Розер тавонистанд оҳангсозро бар зидди нависандаи мумтоз шӯронанд. Онҳо бори охирин соли 1848 вохӯрданд. Баъди як сол Шопен фавтид.
Жорж Санд дар зиндагӣ лаззати шӯҳратро чашид. «Дар ҳаёти одамӣ, ки пур аз дағалию бераҳмист, бояд зан бо ҳисси меҳру шафқат, онро наҷот бахшад. Дунё, ки дар он зан, агар ин нақшро намебозид, беранг ба назар мерасид», - мегуфт ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор