Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ишқварзӣ ҳаловати том намебарад. Аввалҳо шавҳараш ӯро дашном медод, баъд дилаш сӯхту ба сайру саёҳат бурд.

Ишқварзии Аврора бо дигарон дар аввал афлотунӣ, яъне ғайришаҳвонӣ буд, вай алҳол ба хиёнат ба шавҳар омода на- буд. Аммо муносибаташ бо «Жюли хурдакак» вайро ба ҳамин роҳ оқибат кашид. Ҳарчанд ду духтарча дошт, дигар бо Кази- мир зистан натавонист. Баъди бекор кардани ақди никоҳ зин- дагиаш душвор шуд. Ҳатто барои нон пул надошт. Аз ин рӯ бо Жюл Сандо ба навиштани романи «Гули садбарг» пардохт ва онро хонандагон хуш истиқбол гирифтанд. Баъди нашри роман Аврора ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан дигар мешавад. Сарулибоси нав: кулоҳи бӯр, рӯймоли гирди гардан, мӯза- чаҳои зебо ӯро ба донишҷӯ монанд мекард. Зани хушсӯҳбат, аҷобатангез, сигор дар лаб ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи дӯстдорони адабиёт буд. Дар байни мунаққидон ва журнали- стон ситояндагони худро дошт, бисёриҳо ба ҳайрат омада мегуфтанд: баҳри ишқу муҳаббати самими ӯ оилаашро партофта тавонист.

Романи «Индиана»-ро Аврора ба танҳоӣ, мустақил навишт ва номи муаллифро «Жорж Санд» - номи мардона гузошт. Ла- туш, ношири маъруфи давр, ба роман як назари беэътиноёна андохту зери лаб ғурунгид: «Балзакро ба ёд меорад». Рӯзи ди- гар дастнависҳоро бори дигар хонд ва ба муаллиф ба ин маз- мун хатча навишт: «Жорж, ман узр мехоҳам, ман дар рӯ ба рӯи истеъдоди шумо сар хам мекунам. Дағалии дирӯзаи маро аз хотир бароред, ҳамаи гуфтаҳои тунду тези маро ба боди фа- ромӯшӣ биспоред. Ман тамоми шабро ба мутолиаи китоби шумо бахшидам. О, фарзандонам, ман чи қадар аз шумо қаноатман- дам!»

Муаллифи нав овозадор шуд. Жорж Санд ҳамчун нависан- даи саргузаштҳои ишқӣ маъруф мегашту ишқварзимаш бо Жюли майдаяк тоқатшикан мегардид. Аврора рӯзе то 12 соат машғули эҷод мешуд, вале Жюл Сандо хоб мерафт бо фароғат ва ин

пешина
аз 424
навбатӣ