100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
баҳои арзанда намедод. Кӯшиши ӯ ҳаракат ба сӯи мутлақият буд, нахуст ба сӯи ишқ, баъд ба ҷониби табиат ва ахиран ба кӯи Парвардигор. Вай аз ҳама чиз ҳақиқатро меҷуст, аз ин рӯ бисёр азоби рӯҳӣ мекашид, ки хоси одамони ғайриодӣ, соҳибистеъдод аст.
Морис Дюпен, адютанти артиши наполеонӣ, дар Милан бо зани зебою хандоне вохӯрд, ки аз ишқварзиҳояш соҳиби духтарҷае буду дар театр нақшҳои мазҳакавӣ мебозид. Бо тақозои тақдир ишқи булҳавасонаи онҳо ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил ёфт ва ба эътирозҳои модар гӯш наандохта Морис ба ӯ хонадор шуд. Баъди чанд вақт тифли дӯстрӯе ба дунё омад ва бибиаш ба вай Аврора ном ниҳод. Соли 1808 Морис аз дунё чашм пӯшид. Байни хушдоману арӯс ҷанҷол бархост, модари Аврора дид, ки дар Ноан зиндагиаш хуш намегузарад, ба Париж рафт. Духтарак дар тарбияи бибӣ монд.
Вақте ки Аврора ба синни 14 расид, бибиаш ба ӯ саргузашти падару модарашро нақл кард. Баъди ин духтарак дигар ба гапи бибиаш гӯш намекардагӣ шуд. Аз ин рӯ кампир ӯро дар дайри занона ба тарбияи роҳибаҳо вогузошт. Дар ин ҷо Аврора аз роҳибаҳо тарбияи хеле хуб гирифт, тарзи муносибат, рафтор, гуфтор, муҳокимарониҳоро омӯхт.
Бибиаш вақте аз дунё гузашт, ки Аврора ҳанӯз ҳабдаҳсола
набуд. Ва ба кӯшки онҳо модари Аврора зада омад, то ки ба
ҳамаи молумулк ва боигариҳо соҳиб шавад. Баъди чанде дар
байни модару духтар моҷаро бархост, зеро Аврора намехост
бо домоди ёфтаи модар издивоҷ намояд. Чун муноқиша анҷом
намепазируфт, Аврора бо ҷавони навакак шиносшудааш Казимир Дюдеван ақди никоҳ баст. Соли 1823 онҳо соҳиби писар —
Морис шуданд. Аммо ҳаёти оилавӣ ба рӯҳи инқилобию қалби
пуртуғёни Аврора оромӣ набахшид. Орзуи ӯ дар хусуси шоҳзодаи дӯстдошта ҷомаи амал напӯшид. Вақте ки дар ҷойгаҳ Казимири аз заҳмати кашидааш хастагаштаи хуррок зада хобидаро медид, аз алам ҳой-ҳой мегирист, аз он дард мекашид, ки аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор