100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
шодону хурсанд бо писари Юлияния Фридрих бехабар аз сӯиқасд мерақсид. Нимашаб ҷашн поён ёфт. Ҳама ба хоб рафт, сукунат қасрро фаро гирифт.
Фалокат пас аз як соат ба вуқӯъ пайваст. Юлияния, писари ӯ ва Рансау ба манзили Христиан омада, ноқисулақлро бедор карда, дар ҷои хоби ӯ саҳнаи хуб таҳияшударо бозиданд.
«Дар шаҳр ошӯб! — фарёд заданд онҳо. — Халқ малика ва Струензеро ба суд кашиданӣ!»
Шоҳ аз тарс даст сӯи Юлияния андохт ва ёрӣ талабид. Ба ӯ ҳуҷҷати тайёрро барои имзо пешниҳод карданд. Матилда аз тахт дур андохта шуд. Вай ҳанӯз дар овони гулгулшукуфӣ дар Олмон аз ғояти маъюсӣ ва дарду алам фавтид. Ҳамин тавр фоҷиаи дарбори шоҳи Дания ба охир расид.
ЖОРЖ САНД
(1804-1876)
Ному насаби аслиаш Аврора Дюпен. Нависандаи фаронсавӣ. Дар роман ва повестҳои бешумораш идеяи озодии шахсият, аз ҷумла озодии занонро тарғиб намудааст. Романҳои машҳуртаринаш «Индиана», «Орас» ва «Консуэло» ба ҳисоб мераванд.
Ситораи ин бону, ки дар паси номи мардона пинҳон шудааст, дар осмони адабиёт аз ҳад зиёд дурахшон аст. Гуфтан метавон, ки аз байни занони қалам ба даст кам нависандае пайдо мешавад, ки ҳампойи ӯ бошад. Дар зиндагӣ ӯ аз зани хоксори одӣ ва муқаррарӣ фарқе надошт ва ба маҳсули адабиаш низ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор